29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Суғд 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода мешавад

362
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сохтмон, навсозӣ ва таъмири 459 иншооти соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 64 адад беморхона, 118 адад бунгоҳи саломатӣ, 86 адад марказҳои саломатӣ, 18 адад таваллудхонаҳо, 101 адад нуқтаҳои хатна ва 72 адад дорухонаҳо мебошанд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гуфти масъулини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 2020 сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тармими 123 адад иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 15 адад беморхонаҳо, 39 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 20 адад марказҳои саломатӣ, 5 адад таваллудхона, 13 адад нуқтаҳои хатна ва 31 адад дорухона ба итмом расонида мешавад.

Дар нуҳ моҳи соли равон сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тамими 64 адад иншооти тандурустӣ, аз ҷумла 10 адад беморхонаҳо, 16 адад бунгоҳҳои саломатӣ, 14 адад марказҳои саломатӣ, 2 адад таваллудхона, 8 адад нуқтаҳои хатнаи кӯдакон ва 14 адад дорухонаҳо анҷом ёфтааст.

Ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию созандагӣ, сохтмон, навсозӣ ва таъмиру тармим дар тамоми муассисаҳои тандурустии вилоят идома доранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво