20 август 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Фархор аз ҷониби соҳибкорон 64 иншооти хурд бунёд мешаванд

13
Дар ноҳияи Фархор бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 324 адад бинову иншоот ба истифода дода мешаванд. Ҳоло дар аксари иншоот корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, бинокорон талош доранд то таҷлили ҷашни миллӣ онҳоро мавриди истифода қарор диҳанд. Дар ин бора раиси ноҳияи Фархор Рустам Раҳматзода иттилоъ дод.

Ба гуфти номбурда, тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия то соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ сохтмону навсозии 324 адад бинову иншоот, аз ҷумла соли 2019 -158 адад, соли 2020 – 79 адад ва соли 2021 36 адад дар назар дошта шудааст. Соли 2018 дар ноҳия 51 иншоот бунёду навсозӣ шуданд.

Дар айни замон дар 64 иншооти хурди 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои сохтмонӣ идома дошта, аз ҷониби соҳибкорон ба итмом расонида мешаванд.

Гуфта мешавад, ки то соли 2021 дар ноҳия сохтмони 11 мактаби нав барои 7480 хонанда, 56 синфхонаи иловагӣ барои 1400 ҷои нишаст, таъмири асосии 2 мактаб ва 2 муассисаи томактабии хусусӣ, 5 майдончаи варзишӣ, 9 адад бунгоҳи тиббӣ, 15 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 3 бинои кошонаи ҳусн, 76 мағоза ва марказҳои савдо, навсозии боғи фарҳангӣ, корхонаи коркарди меваю сабзават, 5 чоҳи амудӣ, сохтмону навсозии 2 бозор, 34 сартарошхона, 2 нонвойхона, бунёди 115 гектар боғҳои нав, 2 фермаи парандапарварӣ ва сохтмони дигар иншооти хурду бузург дар назар дошта шудааст.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво