29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар 6 моҳ беш аз 100 миллион сомониро ташкил дод

336
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳияи Рӯдакӣ дар 6 моҳи сипаригардида 101 миллиону 784,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 40,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истихроҷи маъдан 2,9 фоиз, саноати коркард 64,5, тақсими қувваи барқ, газ ва об 32,6 фоизро ташкил медиҳад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода баён кард.

Ба муносибати ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои созандагию бунёдии зиёде анҷом дода шуданд. Аз 414 иншооти ба нақша гирифташуда ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 262 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода гуфт, ки аз 262 иншоот 42 иншоот бо 5 ҳазор ҷойи нави нишаст дар соҳаи маориф, 23 иншооти соҳаи тандурустӣ, 16 адад иншооти варзишӣ, 38 адад сартарошхонаҳо, 4 адад кошонаи ҳусн, 13 адад хатти оби нӯшокӣ, 52 адад марказҳои савдо, 2 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 11 ҳолати таъмиру мумфаршкунии роҳҳо, 6 адад биноҳои баландошёна, 2 фермаи парвариши мол ва паранда, 11 адад коргоҳҳои истеҳсолӣ, 3 адад марказҳои забономӯзӣ, 1 адад растаи ҳунармандон ва 19 адад иншооти гуногуни хизматрасонӣ ба истифода дода шудаанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво