19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

То имрӯз бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар ноҳияи Шаҳринав 226 иншоот ба истифода дода шуданд

372
То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав сохтмони 401 иншооти таъйиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар 226 иншоот, аз ҷумла 1 адад сардхона, 4 адад гармхона, 4 пули мошингузар, 2 адад бунгоҳи тиббӣ, кӯдакистон, коргоҳи дӯзандагӣ ва дигар иншоот корҳои таъмирию сохтмонӣ бо харҷи умумии 16 миллион сомонӣ ва таъсиси 718 ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.

Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Шаҳринав Нусратулло Аюбзода иброз намуд.

Ба маълумоти номбурда, соли 2019 истеҳсоли сабзавот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 59227 тонна ва маҳсулоти мевагӣ 8651 тоннаро ташкил дод. Аз ин миқдор 4850 тонна пиёз, 1122 тонна олу, 482 тонна гелос, 148 тонна хурмо ва 2100 тонна ангур ба хориҷи мамлакат содирот шудааст, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ таъсири хуб мерасонад.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво