26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 1 сентябр 600 адад намунаҳои гуногуни либосҳои миллӣ пешниҳод мегарданд

228
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 1 сентябр 600 адад намунаҳои гуногуни либосҳои миллӣ пешниҳод мегарданд
13 август дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 намоиш ва конфронси илмӣ–назариявӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ– ёдгоре аз ниёгон» баргузор гардид, ки намоиши мазкур то 1 сентябр идома меёбад.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Кенҷаев Фаридун ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар ифтитоҳи намоиш роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Осорхонаи Гимеи шаҳри Парижи Фаронса, Осорхонаи мардумшиносии АМИТ ва дигар олимону донишмандони соҳа иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷкистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар зикр намуд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик дар тӯли таърихи тамаддуни башарӣ ҳамчун миллати фарҳангсолору фарҳангсоз муаррифӣ гардида, дар ганҷинаи фарҳанг ва тамаддуни башарият бо забону адабиёт, урфу одат, расму оин ва анъанаҳои некаш шинохта шудааст. Яке аз арзишҳои асосии таҷассумгари фарҳанги миллӣ, ҳуввияти миллӣ ва ифтихори миллии халқи тоҷик – ин либоси миллӣ ба шумор меравад.
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 1 сентябр 600 адад намунаҳои гуногуни либосҳои миллӣ пешниҳод мегарданд
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон зиёда аз 600 адад намунаҳои гуногуни либоси миллии тоҷикон аз қабили куртаҳои чакан, атлас, адрас, поҷома, сарбанд, рӯймол, миёнбанд, фаранҷӣ, матоҳои читӣ, шерозаҳо, тумордонҳо, каллапӯшу кулоҳ, тоқиҳо, пояфзолҳо, кафши чӯбину чармин, маҳсӣ ва дигар ашёҳои ороишу зебу зинати миллӣ (ороишоти занона: ангуштарин, дастмона, қулфи гиребон, гӯшвор, тоҷ), ки инъикосгари таъриху фарҳанг, расмуоин ва ҳунарҳои мардумии ниёгони тоҷикон мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.

Дар кори конфронси илмӣ–назариявӣ доираи васеъи олимон, муаррихон ва муҳаққиқон доир ба таъриху пайдоиш, ташаккулёбӣ ва дигар вижагиҳои хоси либоси миллӣ бо маърӯзаҳои илмии баромад намуданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво