19 март 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Ҳулбук – нишонае аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ва конфронси илмӣ баргузор шуд

306
26 феврал дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳулбук- нишонае аз таърихи тамаддуни миллати тоҷик» намоиш ва конфронси илмӣ баргузор гардид. Ҳулбук ҳамчун ёдгории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид гардидан ба Феҳристи ёдгориҳои умумиҷаҳонии ЮНЕСКО номнавис гардида, дар раванди омӯзиш қарор дорад.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зимни ифтитоҳи намоишгоҳ иброз намуд, ки шаҳри Ҳулбук яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии замони давлати Сомониён буда, дар таърихи давлатдории халқи тоҷик мақоми хос дорад. Дар ин бора меъмории бошукӯҳи он ва бозёфтҳои нодири бостонӣ баръало шаҳодат медиҳанд.

Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии
Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки дар намоиш беш аз 220 адад бозёфтҳои арзишманд ва нодири марбут ба ҳунарҳои шаҳрсозӣ, меъморӣ, гаҷкорӣ, шишагарӣ, сафолгарӣ, сангтарошӣ, заргарӣ ва мисгарӣ пешниҳоди тамошобинон гардонида шудаанд.

Ҳамчунин дар як гӯшаи намоиш маҷмӯи донаҳои шоҳмот ва як ҷуфт тос барои бозии нард ба маъраз гузошта шудаанд, ки бозёфтҳои асли ин ёдгорӣ буда, аз маъмул будани ин бозиҳо дар Ҳулбук гувоҳӣ медиҳанд. Зарфҳои шишагӣ, ба монанди қароба, қатрарез, атрдон ва дигарҳо баёнгари рушди ҳунари шишагарӣ дар Ҳулбук мебошанд.

Дар маркази намоишгоҳ тавассути оинаи нилгун филмҳои мустанад доир ба ёдгории Ҳулбук манзури тамошобинон гардонида шудаанд.

Дар намоиш намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва намояндагиҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар намоишгоҳ зери унвони «Ҳулбук — нишонае аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик» конфронси илмӣ низ баргузор гардид, ки дар кори он олимону пажӯҳишгарон иштирок ва оид ба таърих, осор ва аҳамияти ин ёдгорӣ сухан гуфтанд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво