28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Намоиши нигораҳои нодири таърихии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар Пекин

757
11 апрели соли равон дар Осорхонаи миллии Чин дар шаҳри Пекин намоиши «Ганҷинаҳо аз осорхонаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» ифтитоҳ мегардад. Дар ин бора сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ин намоиш Осорхонаи миллии Тоҷикистон иштирок намуда, аз фонди тиллоии он 15 адад нигораҳои нодири таърихии марбут ба давраҳои гуногун, аз қабили санг бо навиштаҷоти суғдӣ (асрҳои VII-VIII), кӯзаҳои мунаққаши катибадори асрҳои X-XI, сипар бо тасвири фариштаҳо (асрҳои XVI-XVIII), коса, ҷом, лаълиҳои катибадори асри XIX ва рангдону қаламдони асрҳои XVIII-XIX ба маъраз гузошта мешаванд.

Мақсад аз баргузории намоиш муаррифии осори фарҳангу тамаддуни халқиятҳое, ки дар қарнҳои бостон ва имрӯз дар тӯли Шоҳроҳи Бузурги Абрешим зиндагонӣ менамоянд, мебошад.

Ҳамзамон дар намоиши мазкур ёдгориҳо аз осорхонаи таърихии шаҳри Москваи Федератсияи Россия, Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, Осорхонаи миллии Муғулистон, осорхонаҳои таърихии кишварҳои Яман, Камбоҷа, Латвия, Словения, Руминия, Япония, Корея ва Чин пешниҳоди тамошобинон мегарданд.

Бояд гуфт, ки Шоҳроҳи Бузурги Абрешим то охири асри XV, яъне то кашф гардидани роҳи баҳрӣ ба сӯи Ҳинд дар тӯли 1700 сол вуҷуд дошта, 3 қитъаи олам- Осиё, Африқо ва Аврупоро мепайваст. Ин роҳ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Дарвоз, Ванҷ, Вахон, Ишкошим, Хуҷанд, ҳамзамон аз шаҳрҳои Самарқанду Бухоро убур менамуд.

Намоиши «Ганҷинаҳо аз осорхонаҳои Шоҳроҳи Бузурги Абрешим» то рӯзи 14 июли соли 2019 дар Осорхонаи миллии Чин идома менамояд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво