26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ва конфронси илмӣ доир шуд

425
Дирӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар мавзӯи «Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон» намоиш ва конфронси илмӣ баргузор гардид. Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллӣ ва Осорхонаи адабию ёдгории Мирзо Турсунзода 110 адад нигора, аз қабили мусаввара, ордену медалҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо, китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва саҳми боризи ӯро дар арсаи ҷаҳонӣ нишон медиҳанд. Намоиши «Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон» то 1 май идома меёбад.

Дар ин бора сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии
Осорхонаи миллӣ Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

“Дар намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадӣ Сафолзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх, директори Маркази фарҳангии Свами Вивекананда хонум Ҷуи Део-фаокар, директори Китобхои миллии Тоҷикистон Ҷумъахон Файзализода, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Ҳиндустон Ҳабибулло Раҷабов, директори Осорхонаи адабию ёдгории М. Турсунзода Мошариф Табарова, раиси Ташкилоти ҷамъиятии маҳфили адабии «Бонги най» Сайҳомиддин Нарзуллоев, намояндаи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Назриддин Солеҳов, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон иштирок намуданд”,- афзуд Фаридун Кенҷаев.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зикр кард, ки «Устод Мирзо Турсунзода бидуни шак, яке аз барҷастатарин ва пуртаъсиртарин шоир, шахсияти сиёсӣ ва адабиест, ки тавассути осор ва ашъори ҷаззобу пурмуҳтаво ва сафарҳои расмиву эҷодиаш ному нишон, зебоии табиат, фарҳанг ва меҳмоннавозии тоҷиконро ба кишварҳои дурдасттарин армуғон бурдааст».
«Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ва конфронси илмӣ доир шуд
«Мирзо Турсунзода ва Ҳиндустон». Таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиш ва конфронси илмӣ доир шуд

Дар конфронси илмӣ доираи васеи олимон, муаррихон, коршиносон ва донишҷӯён иштирок намуда, доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод Мирзо Турсунзода андешаронӣ намуданд.

Зикр шуд, ки Мирзо Турсунзода (1911-1977) на танҳо ҳамчун шоири шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Ӯ дар таҳкими пайванди дӯстӣ ва робитаҳои адабии мардумони ду қитъаи бузурги сайёра—Осиё ва Африқо хизматҳои шоиста ба ҷо овардааст.

Аз ҷониби иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Ҳиндустон аз назари шоири инсондӯст», «Садои Турсунзода-садои адибони тараққипарвари Ҳиндустон», «Файз Аҳмад Файз ва Мирзо Турсунзода», «Аз таърихи Осорхонаи адабию ёдгории Мирзо Турсунзода» маърӯзаҳо пешниҳод гардиданд.

Аксҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво