20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Осорхонаи миллии Деҳлӣ ба шарафи 110-солагии Мирзо Турсунзода дар Тоҷикистон намоишгоҳ доир менамояд

346
Осорхонаи миллии Деҳлӣ ният дорад, ки бахшида ба таҷлили 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоишгоҳ доир намояд. Ин матлаб 2 март зимни мулоқоти директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх баён гардид.

Сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳайати корпуси дипломатии Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Сингх аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.

Аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забони ҳиндӣ сайри осорхонавӣ баргузор карда шуда, таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик боз ҳам бештар муаррифӣ карда шуд.

Ба ин восита онҳо бо осори гаронарзиши ба мерос гузоштаи миллати тоҷик, аз ҷумла бозёфтҳои ёдгориҳои давраҳои гуногуни таърихӣ, шурӯъ аз асри санг давра ба давра то замони муосир, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин дастовардҳои замони истиқлол дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва варзиш шинос гардиданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво