26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Васеъгардонии вазъи иқтисодии занон барои рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» доир шуд

216
Бо ташаббуси Ҷумҳурии Ӯзбекистон форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Васеъгардонии вазъи иқтисодии занон барои рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» бо иштироки роҳбарзанон ва бонувони соҳибкори Туркманистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар шакли маҷозӣ ва ҳузурӣ баргузор гардид.

Тавре аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷониби Тоҷикистонро дар ин форум раиси Кумитаи мазкур Ҳилолбӣ Қурбонзода муаррифӣ кард.

Мавсуф бо маърӯзаи таҳлилӣ оид ба вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат доир ба дастгирии фаъолияти соҳибкории занону духтарони тоҷик суханронӣ намуд.

Форуми мазкур дар толори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи соҳибкорзанони ҷумҳурӣ баргузор гардида, масоили тақвияти ҳамкории густурдаи тарафҳо ва имкониятҳо, дурнамоҳои минбаъдаи рушди фаъолияти соҳибкории занону бонувони кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дод.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво