16 август 2022, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

11065
2 августи соли 2017 дар шаҳри Лянюнгани музофоти Ҷиансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин даври панҷуми Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ бо иштироки ҳайатҳо аз Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин форум муовини Сарвазир Азим Иброҳим роҳбарӣ намуд.
Дар ҳошияи Форуми мазкур ҳамчунин вохӯриҳои дуҷонибаи Азим Иброҳим бо муовини Раиси Кумитаи умумичинии Шӯрои мардумии сиёсӣ ва машваратӣ Ван Тсинмин, ки дар Форум Чинро намояндагӣ менамуд, ҳамчунин бо Раиси музофоти Ҷиансу У Чжэнлун ва Раиси шаҳри Лянюнган Сианг Суэлонг баргузор шуданд.
Зимни суханронии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Форум ва дар вохӯриҳои дуҷонибаи зикршуда ҳолати ҳозира ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла масъалаҳои таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, ҳамкории байниминтақавӣ, тақвияти робитаҳо дар соҳаи маориф ва фарҳанг мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуданд.





Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво