Ба муносибати 24-солагии Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Раёсати корҳои дохилии вилоят дар мавзӯи «Баробарҳуқуқии занон ва мардон дар ҷомеа» ҳамоиш баргузор намуд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш Сайёра Замирова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи вилоят дар мавриди қабул гардидани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оид ба беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки занон дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, иштироки фаъолонаи занони вилоят дар сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сухан гуфт.