29 март 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Таҳти унвони «Масоили занон дар меҳвари Паём» ҳамоиши занону ҷавондухтарон доир шуд

232
Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишкадаи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ ҳамоиши занону ҷавондухтарон таҳти унвони «Масоили занон дар меҳвари Паём» баргузор гардид.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҳамоиш ба бонувони фаъоли мамлакат Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Раиси КИ ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам ва бонувони вазорати идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, муовинони ректор оид ба корҳои таълимии донишгоҳу донишкадаҳо ва раисони Шӯрои занони мақомоти мазкур иштирок намуданд.

Зикр шуд, ки тавре дар Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз шуд, имрӯзҳо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Мувофиқи натиҷаҳои интихоботӣ, соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки ин нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб ба 30 фоиз расидааст.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагӣ меандешад.

Дар анҷом занону бонувони фаъол доир ба ироаи Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво