26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Душанбе мизбони бизнес-форуми минтақавии бонувони соҳибкор гардид

397
Соҳибкорбонувони фаъоли мамлакат 1 ноябр зимни бизнес –форуми минтақавии бонувони соҳибкор ва намоиш-фурӯши молу маҳсулот- «ЭКСПО-2019» дар Душанбе ҷамъ омаданд.

Ҳамоиши мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021 гузаронида шуд. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш буда, дар он дар радифи бонувони соҳибкор, инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбута, роҳбарону намояндагони ассотсиатсияҳои бонувони соҳибкор, шарикони рушд, коршиносони байналмилалӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок доштанд.

Тавре муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ гуфт: «Ҳадафи бизнес-форуми минтақавии бонувони соҳибкор дар Душанбе- баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тақвияти фаъолияти соҳибкории бонувони ташаббускори тоҷик, инчунин дастрасии занон дар бахши саноати сабук маҳсуб меёбад».

Бизнес-форуми минтақавии бонувони соҳибкор дар се бахш ҷараён гирифта, иштиорокдорони он-соҳибкорзанони мамлакат масъалаҳои марбут ба заминаи ҳуқуқии соҳибкории иҷтимоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, барномаҳои дастрасии фарох намудани имкониятҳои занон дар минтақа, самтҳои иқтидори рушд дар соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таърихи муваффақиятҳо ва иқтидори рушди минтақавиро баррасӣ намуданд.

Дар ҳошияи бизнес-форуми минатқавии соҳибкорзанони фаъол намоиши молу маҳсулот ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, ки аз ҷониби соҳибкорзанон ва ҳунармандони мамлакат омода гардидаанд, пешкаши иштирокдорони ҳамоиш гардонида шуданд.

Форуми минтақавии бонувони соҳибкор 2 ноябр идома ёфта, дар доираи он суҳбати «мизи мудаввар» дар мавзӯи «Рушди соҳибкории ҳунармандӣ дар Осиёи Марказӣ: аз стандарткунонӣ то фурӯши молу маҳсулот» доир мегардад. Интизор меравад, ки дар анҷоми бизнес-форум иштирокдорони он як зумра тавсияҳоро оид ба беҳтар намудани имконият барои соҳибкории занон ва тадбирҳои дастгирии давлат барои пешбурди соҳибкории бонувонро қабул намоянд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво