6 декабр 2021, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Манижа ба марҳилаи ниҳоии озмуни «Евровидение» роҳ ёфт!

87
Намояндаи Федератсияи Россия ба марҳилаи ниҳоии (финали) озмуни «Евровидение-2021» роҳ ёфт. Даври нимниҳоии аввал шаби сешанбе дар саҳнаи Ahoy дар Роттердам баргузор шуд. Намояндагони 16 кишвар барои ҳаққи намояндагӣ аз кишвари худ дар марҳилаи ниҳоӣ талош намуданд.

«Россия ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт», — эълон намуданд барандагон.

Натиҷаҳо аз рӯи овоздиҳии ҳакамон ва тамошобинони телевизионҳои кишварҳои дар нимниҳоӣ ширкатдошта муайян карда шуд.

Сарояндаи Россия Манижа, ки ба марҳилаи озмуни «Евровидение»-2021» роҳ ёфт, иброз дошт, зимни танқидҳо ӯро аз ҳама зиёд нобоварии россиягиҳо нисбат ба ӯ, ки бо ин суруди русӣ ба марҳилаи ниҳоӣ баромада наметавонад, озурда сохт, навиштааст РИА Новости.

«Ксенофобия вуҷуд дошт, бале, аммо чизи асосие, ки маро таҳқир кард, ин буд, ки мардум ба ман мегуфтанд, ман ҳеҷ гоҳ бо ин суруд бо забони русӣ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ намеёбам», — гуфт овозхон.

Ҳунармандон аз Норвегия, Исроил, Озарбойҷон, Малта, Литва, Кипр, Шветсия, Белгия ва Украина низ пас аз натиҷагирии даври нимниҳоии аввал ба марҳилаи ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.

Нимниҳоии дуюм 20 май баргузор мешавад, аз рӯи натиҷаҳои он низ 10 нафар иштирокчиён ба марҳилаи ниҳоӣ, ки 22 май баргузор мегардад, роҳ хоҳанд ёфт Намояндагони кишварҳои «Панҷгонаи бузург»-и «Евровидение» (кишварҳои таъсисдиҳандаи озмун) — Франсия, Германия, Италия, Испания ва Британияи Кабир, инчунин як нафар сарояндаи кишвари дар озмуни охирин ғолиб омада- Нидерланд дар марҳилаи ниҳоӣ иштирок мекунанд.

«Евровидение-2021» аз 18 то 22 май дар саҳнаи Ahoy дар Роттердам баргузор мешавад. Соли гузашта ин озмун ба иллати пандемияи коронавирус доир нашуда буд. Дар марҳилаи ниҳоӣ, ки рӯзи шанбе доир мешавад, сарояндагон аз 26 кишвар барои ҷои аввал рақобат мекунанд.







Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво