24 апрел 2024, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«Комсомолская правда»: Пугачёва Манижаро дастгирӣ ва пирӯзиашро дар «Евровидение» пешгӯӣ кард

188
Ҳунарпешаи рус Алла Пугачёва дар мавҷи намоиши «Музикалити» -и Максим Галкин овозхон Манижа Сангинро, ки Россияро дар озмуни байналмилалии вокалии «Евровидение» дар соли 2021 намояндагӣ хоҳад кард, дастгирӣ намуд, навиштааст «Комсомолская правда».

«Аввал ин ки вай шахсият аст. Суруди «Зани рус» танҳо барои «Евровидения» аст. Ман бошам, ин тавр оғоз мекардам: «Медонам, ки чизе ба ман нахоҳад расид, аммо ман зани рус ҳастам, парвои ҳеҷ чиз надорам». Ана ҳамин хел, матн олиҷаноб мебуд», — гуфт Пугачёва.

«Тасаввур кунед, ки вай бо пирӯзӣ аз «Евровидения» меояд — ва ба мо мегӯяд: «Хайр, чӣ шуд, шумо пирону ҷавон ба ман чӣ баҳо гузошта будед? » — тахмин кард Алла Борисовна.

«Фарқ надорад, ки мо чӣ гуна баҳогузорӣ карда будем», — хулоса кард Галкин. — Мо дар «Евровидение» ба Манижа танҳо пирӯзӣ мехоҳем!» — эълон кард баранда.

Пештар, 11 апрел, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар ҳузури омма дар бораи эҷодиёти сароянда изҳори назар ва хушҳолӣ намуданд. «Ҳамин тавр идома бидиҳед! Аҳсан ба ӯ, ки ҳамеша мегӯяд, тоҷик аст. Дар Тоҷикистон таввалуд шудааст. Лекин шаҳрванди Россия ҳаст», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво