26 ноябр 2020, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров дар Хабаровск соҳиби ҷоизаи миллии Россия — «Донишҷӯи хориҷии сол – 2020» гардид

28
Дар шаҳри Хабаровски минтақаи Шарқи Дури Федератсияи Россия марҳилаи минтақавии озмун барои Ҷоизаи миллии Россия — «Донишҷӯи сол – 2020» ба анҷом расид, ки дар он ҷавони тоҷик Ҷуманазар Қурбонназаров соҳиби ҷоиза гардид.

Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» Садбарги Боқӣ аз шаҳри Хабаровск иттилоъ дод, озмуни «Донишҷӯи сол-2020» барои ҷоизаи миллии Россия аз рӯи номинатсияҳои инфиродӣ ва коллективӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоти таҳсилоти касбии ҳудуди минтақаи Хабаровск доир гардид. Дар он Донишгоҳи давлатии шаҳри Комсомолски лаби Амур ва маҳфили ҷавонони тоҷик дар минтақаро донишҷӯи факултаи энергетика ва менеҷменти Донишгоҳи мазкур Ҷуманазар Қурбонназаров намояндагӣ кард.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи ҳакамон миёни донишҷӯёни 11 донишгоҳи минтақа донишҷӯи тоҷик Ҷуманазар Қурбоназаров барандаи ҷоиза дар бахши «Донишҷӯи хориҷии сол – 2020» гардид.

Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии озмуни «Донишҷӯи сол-2020» аз 14 то 19 ноябр дар шаҳри Москва баргузор мешавад.






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво