20 январ 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2019 баргузор гардид

188
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2019 баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи кор бо ҷавонон баргузор гардид.
Дар он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимӣ, мувини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Ғайрат, муовини раиси Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ширин Амонзода ва намояндагони вазорату идораҳо, ҷавонон ва ғолибони ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иштирок намуданд.
Тавре раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода зикр намуд, ҷавонон ворисони арзандаи халқу миллат ва созандагони имрӯзу фардои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд.
Тавре аён аст, тақдир ва рушди ҳар як давлат, аз ҷумла, Тоҷикистон аз мавқеи фаъоли ҷавонон вобастагии калон дорад. Зеро дар тамоми кишварҳои дунё ҷавонон неруи пуриқтидори бунёдкор ва пешбарандаи ҳаёти ҷомеа эътироф шудаанд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми шароиту имкониятро фароҳам меоварад.
Ин аст, ки 26 декабри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки насли ҷавони кишвари мо бо дарки масъулияти баланд, иродаи мустаҳкам, садоқату муҳаббати ватандорӣ, эътиқод ба арзишу муқаддасоти миллӣ ва ақлу заковати худ исбот намуд, ки роҳи интихобкардаи мо дар масири ватансозиву ватандорӣ дуруст мебошад. Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст.
Саҳми ҷавонон дар ҳифзи Модар — Ватан шоистаи таҳсин буда, онҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои ҳарбӣ содиқона хизмат мекунанд ва дар ҳимояи сарҳади давлатӣ низ нақши бузург мебозанд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ҷоизадорони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, санъат, рӯзноманигорӣ, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология – инноватсия, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, Ҷоизаи «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» , ғолибони озмуни «Донишҷӯи сол- 2019» , озмуни ҷумҳуриявии «Таронаи донишҷӯӣ», озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ», Стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва дигар ғолибони озмунҳо муайян шуданд.
Дар соҳаи санъат:
Донишҷӯи курси 4 ихтисоси «Санъати ороишӣ – амалӣ (наққошӣ)-и Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов» Муҳаммадҷони Ҳикматулло, солисти опера, дараҷаи олӣ Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ» Шарофат Усмонзода, артисти балет, дараҷаи олӣ Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ» Муҳаммади Азимзода, донишҷӯи курси 4 Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Музаффар Раҳимов, донишҷӯи курси 3 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фарида Саидова, коргардон — таҳиягари Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ» Баҳроми Қурбонзода.
Дар самти техника, технология- инноватсия:
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Саидусмон Акрамов, донишҷӯи курси 3 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рустам Алиев.
Дар самти рӯзноманигорӣ:
Муҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Беҳрӯз Холмуродов, хабарнигори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Холиса Асомиддинова, муҳаррири идораи барномаҳои иттилоотӣ — таҳлилии МД телевизиони «Сафина» Наврӯз Сафаров, сармутахассиси Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» Маҳмуд Мирзоев, муҳаррири радиои вилоятии «Дунё FМ» Меҳрубон Ҳасанов, муҳаррири Телевизиони Тоҷикистон Зикриё Раҳимов, сармуҳаррири нашрияи «Паёми донишҷӯ»-и Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода Дороҷон Маҳкамов.
Дар самти барномасозӣ:
Омӯзгори кафедраи технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёти Донишгоҳи давлатии ҳуқук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шуҳратҷон Исмоилов, корманди МД «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» Зафар Муродов соҳиби ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш гардиданд.
Инчунин дар озмуни Ҷоиза барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ Фаррух Иброҳимов, Диловар Толибов, Иззатулло Латипов, Ҳабибулло Намозов, Сомон Маҳмадбеков, Муҳаммад Кабутов, Фарух Аҳмадзода, Идимат Шамсов, Юсуф Дилшодзода, Бедил Қисматов ва Раҷабалӣ Аминов бо ҷасорат ва корнамоиҳои худ бо ҷоиза қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ҳоло беш аз 257 ҳазор нафар ҷавонон, ки 30 фоизи онҳоро духтарон ташкил медиҳанд, дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво