19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор мегардад

461
16 ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Пайравони Пешвои миллатем» ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон баргузор мегардад.

Ҳамоиши мазкур ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он доираи васеи ҷавонони мамлакат, кормандони вазорату идораҳо, гирандагони стипендияи Президентӣ ва квотаҳои Президентӣ иштирок менамоянд.

Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир шуда, сипас баргузории барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки чеҳраҳои маъруфи санъати тоҷик дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз соли 2016 ҳамасола 16 ноябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ин рӯз барои дарку эҳсоси ҳувияти миллӣ, шинохту эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ заминаи боэътимод мегузорад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво