100 нафар донишҷў соҳиби стипендияи «Дўстӣ»-и Фонди «Хайрия»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» гардиданд
1098
Имрӯз аввалин маросими супурдани стипендияи «Дӯстӣ»-и Фонди «Хайрия»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 баргузор гардид. Дар он 100 нафар донишҷӯи 17 муассисаи таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе соҳиби стипендия гардиданд.
Дар ин бора ба аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фонди «Хайрия»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент» барои донишҷӯёни аълохон ва дар корҳои ҷамъиятии муассисаи таълимӣ фаъол, ятимон ва фарзандони оилаҳои камбизоати муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати 5 сол ба сад нафар донишҷӯ 1 миллион сомонӣ маблағ ҳамчун кумак ҷудо намудааст, ки он ҳар сол ба маблағи 2 000 сомонӣ ба ҳар як донишҷӯ туҳфа карда мешавад. Дар маросими супоридани стипендияи мазкур намояндагони Фонди «Хайрия»-и ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент», Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Фонди мазкур тасмим гирифтааст, ки ҳар сол маблағи 200 ҳазор сомониро ба 100 нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тақдим намояд. Ин иқдоми фонди мазкур барои дастгирии молиявии донишҷӯён ба роҳ монда шудааст.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |