Кумаки хайриявӣ ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони нобинои шаҳри Ҳисор
1109
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалӣ намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Қурбон ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор маводи хӯрокии хайрия тақдим намуд.
Масъулини Вазорати маориф ва илм маҳсулоти хайриявиро ба мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор расонида, ҳамзамон бо вазъи буду боши хонандагону тарбиятгирандагон шинос шуданд. Ҳамчунин аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаи мазкур ним тонна коғази махсус, ки барои навишти шахсони имконияти биноияшон суст муайян шудааст, тақдим гардид. Дар мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор 204 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |