Занги аввал садо дод
1398
Чун анъана ҳамасола дар арафаи бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллӣ- солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар саросари Ватани маҳбубамон Рӯзи дониш бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.
Имсол низ дар тамоми зинаҳои таҳсилот оғози дарсҳо соати 8:00-и субҳи 1-уми сентябр шурӯъ гардиданд ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ нахуст тавассути оинаи нилгун мустақиман суханронии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Дарси сулҳ тамошо намуда, сипас, тибқи ҷадвали дарсӣ машғулиятҳоро оғоз мекунанд. Тавре ки котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Эҳсони Хушбахт иттилоъ дод, имсол 204 ҳазор хонанда ба синфи 1-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мераванд. «Дар соли таҳсили 2015-2016 теъдоди хонандагони синфи як 200 ҳазору 36 нафарро ташкил медод. Ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ беш аз 25 ҳазор ва ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ наздики 40 ҳазор донишҷӯй ба таҳсил фаро гирифта мешаванд»,-илова намуд Эҳсони Хушбахт. Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 1 ҳазору 421 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул шуданд. Соли 2015 дар тамоми ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 200 бинои таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд буд. Имсол низ дар назар аст, ки то охири соли равон беш аз 200 бинои таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шаванд.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |