20 январ 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Ҷоизаи рассоми навраси тоҷик дар озмуни Чехия

428
Як тасвири рассоми навраси тоҷик Нигина Азимова ба Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чехия роҳ ёфта, соҳиби ҷоиза гардид.
Тавре директори мактаби бачагонаи рассомии шаҳри Хуҷанд Рауф Раҳматов иттилоъ дод, маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, ба озмуни мазкур, ки дар мавзӯи саёҳат ва ҷаҳонгардӣ буд, беш аз 25 ҳазор расм ворид гардидаанд. Бачаҳои тоҷик ба ин озмун 11 асар пешниҳод карданд, ки аз миёни онҳо ҳайати ҳакамон расми Нигина Азимоваро пазируфт.
Ҷоизаи рассоми навраси тоҷик дар озмуни Чехия
Расми Нигина Азимова дар саҳифаи ин намоишгоҳ дар шабакаи ҷаҳонӣ дастрас аст. Нигина ба Ҷумҳурии Чехия сафар накардааст ва бо ин кишвар аз интернету телевизион ошност.

Бояд гуфт, ки расми тасвиркардаи Нигина Азимова ороишӣ буда, рассом дар он як қасрро тасвир кардааст. Дар канор чеҳраи духтарак, дар фазо ду шабпаракро дар ҳоли болу пар задан инъикос намудааст. Инчунин як манораи қалъаи шаҳри Хуҷанд ва пораҳои атласу адрасро низ ба қалами тасвир кашидааст. Тасвири Нигина аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон макони сулҳу дӯстист ва дорои таърихи қадимию ҳунарҳои мардумист.

Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи Намоишгоҳи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Чехия гардидани Нигина туҳфаи хубест.

Бояд гуфт, ки Нигина Азимова 17 сол дошта, дар мактаби рақами 19 шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунад. Ӯ ҳамзамон тӯли чор сол ҳунари расмкаширо дар Мактаби бачагонаи рассомии маркази вилояти Суғд аз худ кардааст.






Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво