20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Чоршанбе Аловатов дар озмуни Central Asia’s Got Talent ғалабаи мутлақ ба даст овард!

451
Чоршанбе Аловатов, овозхони ҷавони тоҷик, нахустин ғолиби мутлақи озмуни нахустини Central Asia’s Got Talent гардид ва 10 миллион тангаи қазоқӣ, баробар ба беш аз 26 ҳазор доллар ҷоизаи асосии озмунро соҳибӣ кард. Пирӯзии ӯ дар пайи овоздиҳии сокинони чаҳор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба даст омад.

Чоршанбе Аловатов яке аз 12 иштирокдори даври ниҳоии Central Asia’s Got Talent ва намояндаи ягонаи Тоҷикистон дар даври охирин буд. Маросим рӯзи якшанбе, 22-юми декабр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор гардид.

Яке аз даҳҳо ҳазор нафар ҳаводорони сурудҳои ӯ эҳсоси гуворои шодию ифтихори худро дар шабакаи Facebook мухтасар чунин баён доштааст: «Якшанбе Чоршанбе шуд!». Бале, дирӯз ҳама номи Чоршанберо дар забон ва дар қалбу хотир доштанд, фазоро гӯё номи Чоршанбе пур карда буд.

Чоршанбе Аловатов дар даври ниҳоӣ таронаеро аввал ба забони итолиёӣ ва сипас тоҷикӣ иҷро кард. Вай дар даврҳои гузашта таронаи «Агар он турки шерозӣ»-и Далер Назаров ва «Акрамҷон»-и Муборакшоро хонда, мавриди ситоиши доварону тамошобинон қарор гирифта буд.

Чоршанбе 21-сола ва писари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, фалаксарои машҳур Ақназар Аловатов буда, дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ба дунё омадааст ва дар Душанбе ба камол расидааст. Қаблан иштирокдори озмунҳои «Овози тиллоӣ» ва «Парвин» дар Тоҷикистон буд.

Озмуни байналмилалии Central Asia’s Got Talent дар даҳҳо кишвари дунё баргузор шудааст. Имсол ин озмун бори аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар ин озмун аз чаҳор кишвар довталабони зиёде иштирок карда, ҳунару тавоноиҳои худро ба намоиш гузоштанд. Аз Тоҷикистон дар ин озмун афроди алоҳида ва инчунин гӯруҳи рақсии «Падида» иштирок карданд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво