23 июн 2021, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Намояндаи Тоҷикистон ғолиби номинатсияи «Беҳтарин овозхон» дар Озмуни байналмиалии телевизионии «Во весь голос 2020» гардид

207
Паричеҳра Камолова дар озмуни ҷаҳонии телевизионии «Бо тамоми овоз» («Во весь голос 2020») дар номинатсияи «Беҳтарин овозхон» аз миёни 10 нафар довталабони даври ниҳоии озмун дар байни духтарон сазовор мақоми аввал гардид.

Паричеҳра Камолова 17-сола буда, дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ фарзанди овозхони шинохтаи тоҷик Ҳасани Камол мебошад.

Дар озмуни мазкур дастаҳои ҳунарӣ аз Россия ва дигар кишварҳои ИДМ ва аз Исроил иштирок намуданд. Дастаи Россия беҳтарин даста ва гурӯҳи JAM аз Қазоқистон беҳтарин гурӯҳи ҳунарӣ дониста шуда, унвони беҳтарин овозхон дар байни писаронро Ефим Рабинович аз Исроил ба даст овард.

Озмуни «Бо тамоми овоз» ( «Во весь голос») имсол бори чорум аст, ки баргузор мегардад. Намояндагони Тоҷикистон қаблан ҳам дар ин озмун пирӯзӣ ба даст оварда буданд. Аз ҷумла, Амал Ҳафизова дар мавсими аввали ин озмун дар соли 2017 беҳтарин овозхон дар байни духтарон дониста шуд ва Афзалшоҳ Сафарзода соли 2018 дар мавсими дуюм унвони беҳтарин овозхон дар байни писаронро ба даст оварда буд.

Имсол барои интихоби номзадҳо ба дастаи Тоҷикистон барои иштирок дар ин озмун як мусобиқоти миллӣ доир карда буданд, ки тавассути ТВ «Баҳористон», шабакаи телевизионии махсуси кӯдакону наврасон намоиш дода шуд.

«Бо тамоми овоз» — озмуни мусиқие мебошад, ки ҳамаи овозхонони бомаҳоратро бо ҳам муттаҳид мекунад. Дар он наврасону ҷавонони аз 13 то 17-солаи боистеъдоди кишварҳои Россия, Тоҷикистон, Гурҷистон, Латвия, Молдова, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус ва Қазоқистон иштирок менамоянд.

Барои ҳар як даста як нафар ҳунарманди маъруфи кишварҳояшон ба сифати раҳомӯз мутасаддӣ гардидааст, то иштирокчиёнро дастгирӣ намуда, маслиҳат диҳад.

Ҳадафи озмун шинос намудани тамошобинон бо мусиқии маъруфи кишварҳои иштирокчӣ аст. Дар тамоми давраи баргузории озмун тамошобинон мусиқии халқӣ ва сурудҳои замонавиеро хоҳанд шунид, ки роҳбари даста бо иштирокчиён барои иҷро кардан дар озмун интихоб намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкурро телевизиони «Мир» роҳандозӣ намудааст.






Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво