19 май 2022, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Ҳадаф-рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон

1094
Ҳадаф-рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон



Бахшида ба ҷашни дар пеш истодаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иди касбии кормандони соҳаи сохтмон-Рӯзи сохтмончиён санаи 12-13-уми августи соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиши масолеҳи сохтмонии корхонаҳои ватанӣ ва дастовардҳои соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ доир гардид. Дар намоишгоҳ муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ., роҳбарон ва намояндагони 37 ташкилоти сохтмонӣ ва шаҳрсозии ватанӣ ширкат намуданд.
Ҳадаф-рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон
Нимаи дуюми рӯз сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба намоишгоҳ омада, бо фаъолияти меъморон, лоиҳакашон ва сохтмончиён аз наздик ошно шуд.
Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол намоишро ҳусни оғоз бахшида, ҳамаи кормандони соҳаи сохтмонро бо иди касбиашон табрик намуд. Дар сухани ифтитоҳии худ Раиси Кумита оид ба фаъолияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар зарфи чанд моҳи охир, омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ, инчунин нақшаҳои дар пеш истодаи бинокорони ҷумҳурӣ ҳарф зад.
Раиси Кумита иброз дошт, ки дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ ҳиссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст ва ҳамеша соҳаи мазкурро воқеан, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ мекунанд. Бо дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ ҳамасола дар саросари мамлакат бинову иншооти азиму муҳим сохтаву ба истифода дода мешаванд, ки ҳамаи онҳо ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд. Яке аз нишонаҳои рушди давлату давлатдорӣ ин бунёдкорӣ, ободу зебо гаштани маҳалли зист, таҷдиди маҳалла, шаҳраку шаҳрҳо ва инфрасохтори онҳо мебошад. Дар давоми 25 соли истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди зиёди биноҳо ва иншооти нав сохта ба истифода дода шудаанд ва ин иқдом батафсил идома дошта, дар ҳаёти ҳар шаҳрванди диёри азизамон хотираҳои нек мемонад ва ҳамзамон ба бедории ғурури миллӣ мусоидат менамояд.
Ҳадаф-рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон
Меҳнати меъмор ва сохтмончӣ ҳамеша дар талаби ҷамъият аст. Натиҷаҳои ҳақиқии ин меҳнат тағйири симоҳои шаҳру деҳот ва нуқтаҳои аҳолинишин мебошад, ки имконоти зиндагии бароҳатро барои ҳар як оила фароҳам меорад.
Сипас, муовини сарвазири ҷумҳурӣ Азим Иброҳим барои фаъолияти пурмаҳсули сохтмончиёни кишвар дар обод гардонидани сар то сари ҷумҳурӣ аҳсан гуфта, иброз дошт, ки маҳз бо заҳмати бинокорон ва меъморон мо имкон пайдо кардем, ки дар хонаҳои боҳузуру ҳаловат зиндагӣ кунем ва симои меъмории диёрамон низ дар муқоиса ба чанд соли охир куллан тағйир ёбад.
Ҳадаф-рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон
Ҳадаф аз баргузории намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалб намудани сармояи хориҷӣ, фаъолияти меъморӣ лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда мебошад.
Намоиш дар сатҳи баланд доир гардида, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Ҳадаф-рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво