Идатон муборак, бинокорони азиз
1461
Ҳамкасбони мӯҳтарам, сохтмончиён, меъморон, лоиҳакашон, собиқадорони соҳаи сохтмон ва меъморӣ, дӯстони азиз! Бо эҳсоси хушнудӣ ва фараҳмандии зиёд аз номи худ ва аҳли кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумо- сохтмончиёни кишварро бо иди касбиатон –«Рӯзи кормандони сохтмон» самимона муборакбод менамоям. Маҳз бо кӯшишу ғайрати беандозаи сохтмончиён мо тавонистем ободкориҳои имрӯзаро бо чашми худ бубинем. Ин ҳама аз файзу баракат ва саховати бинокорони асили рӯзгор сарчашма мегирад. Агар дар бораи пешрафти ин ё он соҳа сухан гуфтанӣ бошем, ба зеҳни мо фавран он андеша бармехӯрад, ки дар ин ё он мавзеъ чӣ гуна ободкориҳо ба назар мерасанд. Одатан, шаҳракҳо, минтақаҳои начандон калонро устодони моҳиру ҳунармандони зодгоҳ ё маҳалли зисташон обод нигоҳ дошта меоянд. Имрӯз агар ба пойтахти кишварамон нигарем, бе душворӣ мушоҳида менамоем, ки биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳҳои ҳамвор, хиёбону гулгаштҳои зебоманзар ба он ҳусни дигар зам намудаанд. Бахусус, тайи 24 –соли Истиқлолияти давлатӣ Ватани азизи мо бакуллӣ симои худро тағйир дод. Дар ин байн на танҳо пойтахт, балки дар тамоми навоҳии кишварамон дигаргуниҳои мусбии хушҳолкунанда ба амал омаданд. Биноҳои хуштарҳу замонавӣ, ки дорои ҳамагуна имкониятҳои васеи иҷтимоианд, чашми ҳар бинандаро мерабоянд. Ҳеҷ ободкорӣ худ аз худ пайдо нагардида ва ягон комёбӣ бе заҳмату ранҷ ба амал нахоҳад омад. Дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ ҳиссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст ва ҳамеша соҳаи мазкурро воқеан, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯъи соҳаи сохтмон, беҳтар гаштани сифати бунёди иншооти таъиноти гуногун, истифодабарии меъмории миллию замонавӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами давлатҳои дигар, ба тартиб даровардан ва риояи қатъии қоидаҳои шаҳрсозӣ, тарбияи мутахассисони ҷавони соҳа, пурқувват гардонидани базаи моддию техникии ширкату ташкилоти сохтмонӣ ғамхории пайваста зоҳир намуда истодааст. Албатта, барои пешрафту тараққиёт ва ободии кишвар пеш аз ҳама суботи устувори сиёсиву иҷтимоӣ зарур аст ва аз мову шумо, сарфи назар аз сатҳи мансаб, касбу кор, инчунин аз ҳар фарди ватандӯсту ватанпарвар, ки дар вуҷуди худ нангу номуси миллӣ дошта, ободии ватани хешро мехоҳад, тақозо мегардад, ки оромиву суботи сиёсии ҷомеаро боло гузошта, ҳамеша барои ҳифзи онҳо азму талош намояд. Дар лаҳзаҳои ҳасоси сокинони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва ноҳияи Рашт, ки аз офати табии зарар диданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади огоҳ шудан аз вазъи зиндагии мардум ва бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, расондани кӯмакҳои моддию маънавӣ ба сокинон, ҷараёни корҳои сохтмонӣ оид ба бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои оилаҳои бесарпаноҳмонда ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ин вилоят сафари корӣ дошт. Дар ҷараёни сафари корӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба оғози фаъолияти як қатор иншооти муҳими бахшҳои гуногун асос гузошт. Инчунин дар ин сафар Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат - баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар ноҳияи Ванҷ пули мошингузарро кушода, барои расидан ба ҳадафи дигари стратегӣ - истиқлолияти комили энергетикӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои бунёди Неругоҳи Барқи Обии “Себзор” бо истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт ва бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 килоВолтаи “Себзор - Хоруғ” бо дарозии 18 километр санги асос гузошт. Ин ҳама аз ғамхориҳои пайвастаи Сардори давлат ба халқу Ватан шаҳодат медиҳад. Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ сохтмони иншооти зиёд идома дорад ва дар арафаи ҷашни 25-солагии соҳибистиқлолии кишвар ба истифода супорида хоҳанд шуд. Таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамраъйӣ имкон дод, ки Ҳукумати мамлакат барои татбиқи барномаҳои мушаххаси рушди соҳаҳои энергетика, сохтмон, нақлиёту коммуникатсия, саноату кишоварзӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт шурӯъ намояд. Бахусус, ҳадафҳои стратегии соҳаҳои энергетика, роҳсозиву коммуникатсия ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат моро ба сӯи ояндабинӣ ва ояндасозӣ ҳидоят намуд, ки дар ин самт мо дар давоми солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар асоси барномаи Ҳукумати электронӣ сайти худро дар шабакаи байналмилалии интернетӣ аз нав фаъол намуд (www.tajsohtmon.tj), ки ин ба тамоми хоҳишмандон, ташкилоту корхонаҳо, муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон имкон медиҳад, ки аз фаъолияти Кумита, навгониҳои соҳа, ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ва маълумоти дигари барои соҳа зарурро дастрас намоянд. Дар арафаи таҷлили ид аҳли кормандони соҳаи сохтмон ва меъмории ҷумҳурӣ иқдом гирифтанд, ки бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро мувофиқи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумат ва меъёрҳои замонавӣ ба роҳ монда, ҷашни бузурги халқи тоҷикро бо тӯҳфаҳои арзанда пешвоз гиранд. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки дониш, имконоти маънавӣ ва касбии сохтмончиёну меъморон пурра барои беҳбудии халқ ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда мешавад. Бори дигар ҳамаи Шумо – дӯстони азиз, ҳамкасбон, собиқадорони соҳаи сохтмонро табрик гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик саломативу хушҳолӣ, хушбахтиву комёбӣ, сарбаландиву ифтихормандӣ ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромии ҷовидониро орзу менамоям. Идатон муборак, ҳамкасбони гиромӣ! Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷ. Ҷ.
Матолиби ҳамсон
|
НазарсанҷиБа фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |