12 октябр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Идатон муборак,бинокорони азиз! Табрикоти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон АҳмадзодаҶ.Ҷ. ба ифтихори Рӯзи сохтмончиён

1484
Ҳамкасбони мӯҳтарам, сохтмончиён, меъморон, лоиҳакашон, собиқадорони соҳаи сохтмон ва меъморӣ, истеҳсолкунандагони маҳсулоти сохтмонии ватанӣ, дӯстони азиз!
Бо эҳсоси хушнудӣ ва фараҳмандии зиёд аз номи худ ва аҳли кормандони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоншумо-сохтмончиёни кишварро бо иди касбиатон - «Рӯзи сохтмончиён» самимона муборакбод менамоям.
Касби сохтмончӣ дар ҳама давру замон пуршараф буд ва мемонад.
Ба шарофати заҳматҳои шумо- бинокорони азиз , симои шаҳру деҳоти мамлакатамон дигаргун гашта, шаҳракҳои нави ҳозиразамон, иншооти саноатию иҷтимоӣ қомат меафрозанд.
Фаъолияти касбии ҳамаи сохтмончиён рӯз ба рӯз афзуда истодааст. Технологияҳои нави истеҳсоли конструксия ва маводи сохтмонии замонавӣ коркард шуда истодаанд.
Корҳои арзишманду бузурге дар коркарди базаи методии сохтмонӣ идома доранд. Меъёрҳои нархгузорӣ дар асоси ягона ва босифат беҳтар гардида, тадбиқи бозёфтҳои илмӣ дар соҳаи сохтмон ба роҳ монда мешаванд.
Имрӯзҳо маҷмааҳои истиқоматии дорои ҳузуру ҳаловати ҷавобгӯй ба талаботи муосир, иншооти таълимӣ, тандурустӣ, варзишӣ ва иншооти дигари иҷтимоӣ бо сифати баланд ба истифода дода мешаванд.
Роҳҳои трансмиллии автомобилгард сохта шуда, шоҳроҳҳо ва шабакаҳои муҳандисию алоқа мунтазам тараққӣ мекунанд.
Малакаи касбӣ, обутоби зиндагӣ, анъанаҳои меҳнатӣ дар ҳамбастагӣ бо истеҳсолот ва сатҳи техникии комплекси сохтмонӣ имконият медиҳанд, ки сифатро баланд бардошта, бехатарии сохтмон ва зиндагии бароҳату рӯзгори ободи шаҳрвандонро таъмин намоянд.
Дар амалӣ шудани нақшаҳои бунёдкориву созандагӣ ҳиссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле бузург аст ва ҳамеша соҳаи мазкурро воқеан, ҳамчун соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа дастгирӣ мекунанд. Бо дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ ҳамасола дар саросари мамлакат бинову иншооти азиму муҳим сохтаву ба истифода дода мешаванд, ки ҳамаи онҳо ҷавобгӯи талаботи замон мебошанд.
Имрӯз мо дар арафаи таҷлили ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар сарорсари ҷумҳурӣ садҳо иншоот сохта ба истифода дода мешаванд. Ин албатта, аз сохтмончиён заҳмати асил талаб мекунад ва маҳз бо меҳнати онҳо амалӣ мегардад.
Бо боварии комил гуфта метавонам, ки қобилият, дониш, имконияти маънавӣ ва касбии сохтмончиёну меъморон пурра барои беҳбудии мардум ва рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.
Бори дигар ҳамаи Шумо дӯстони азиз, ҳамкасбон, собиқадорони соҳаи сохтмонро бо иди касбиатонмуборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, барору комёбиҳо ва дар фаъолияти касбиятон қуллаҳои баланди тахассусӣ, муваффақиятҳои беназиру дастовардҳои нав ба навро баҳри шукуфоии Ватани азизамон орзу менамоям!

Идатон муборак, ҳамкасбони гиромӣ!




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво