20 август 2019, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English

Эҳёи ватан мароми мост

554
Имрӯз-14-уми июл дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовара доир гардид. Дар ҷаласа раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-Аҳмадзода Ҷ.Ҷ., сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Р.Р., Раиси иттифоқи меъморони Тоҷикистон Б.Юсупов, муовинони раиси Кумита, мудирони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии вилоят ва шаҳру навоҳии кишвар, кормандон ва роҳбарони зерсохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмон иштирок намуданд. Дар ҷаласа фаъолияти шаш моҳи аввали соли 2016 баррасӣ гардида, барои фаъолияти минбаъдаи кории соли 2016 вазифаҳо гузошта шуданд.
Эҳёи ватан мароми мост

Нахуст Раиси Кумита барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва сари вақт ба итмом расондану мавриди истифода қарор додани иншооти ҷашнӣ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба лоиҳакашон, меъморон ва мудирони бахши меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру навоҳии ВМКБ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Сипас, Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳарф зада, як қатор камбудиҳо дар рафти сохтмон дар биноҳои нав сохташударо баррасӣ намуд. Раиси Кумита роҳбарони зерташкилоти Кумита, аз ҷумла, Раиси Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Таваров Р.Ҳ. ва Сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ Саъдуллозода С.Ф.-ро таъкид намуд, ки ҳангоми назорат ва ташхиси биноҳо ба меъёру қоидаҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.
Эҳёи ватан мароми мост
Роҳбарони зерташкилотҳои Кумита фаъолияти шаш моҳи корхонаҳояшонро баён намуда, аз ҷониби Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. ва намояндаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳакимзода Р.Р. таҳлил ва муҳокима шуда, супориш дода шуд, ки бархе аз камбудиҳои ҷойдошта то санаи муқаррагардида ислоҳ карда шаванд.
Д.Нурзода







Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво