28 март 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Машварати сармеъморони ҷумҳурӣ

1088
16 октябри соли 2015 дар осоишгоҳи Хоҷа-Оби–гарми ноҳияи Варзоб семинар-машварати сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Семинар-машваратро Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ифтитоҳ намуда, аз ҷумла чунин гуфт:
- Хурсандибахш аст, ки ин семинар-машварати мо пас аз таҷлили Рӯзи байналмилалии меъморон баргузор мегардад ва аз фурсат истифода бурда, бори дигар ҳамаи Шуморо бо ин ҷашни касбиатон табрику муборакбод намуда, бароятон рӯзгори обод ва дар хонадонатон сулҳу оромӣ орзу мекунам.

Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри ободонию созандагии ҳамаҷонибаи ҷумҳурӣ дастгирӣ намуда, барои рушду нумӯи кишварамон корҳои муайянеро ба анҷом расонида истодааст. Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати фаъолияти меъмориву шаҳрсозӣ як таваҷҷӯҳи хосае зоҳир гардида истодааст. Дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як таконест дар рушду нумӯи санъати меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонии кишвар.

Сохтмончиёну меъморони ҷумҳурӣ сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баҳри ободию созандагии кишвар ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои рушду нумӯи Ватани азизамон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, - гуфт дар идомаи суханрониаш Раиси Кумита.
Дар мӯҳлати начандон тӯлонӣ бузургтарин корҳои бунёдкориву созандагӣ ҷараёни тоза гирифт, иншооти зиёди дорои аҳамияти калони иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба истифода дода шуд, ки ин ифодагари сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Барои ташаккули пойдории зисту зиндагонии мардум мо меъморону сохтмончиён дар назди ҷамъият, дар назди насли ояндаи миллат як масъулияти хосаеро ба ӯҳда дорем.

Бисёр муҳим аст, ки Шумо анъанаҳои бойи миллии аз наслҳои гузаштаамон боқи мондаро нигоҳ медоред, барои маҳфуз ва эмин нигоҳ доштани мероси таърихию фарҳангиамон диққати ҷиддӣ медиҳед ва дар баробари ҳамаи ин барои тарбия ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд саҳм мегузоред.

Бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки дар ин самт эҷодиёти бойи миллӣ, таҷриба ва истифодаи усулҳои навини меъморони ҷумҳурӣ метавонад имконияти сохтмони биноҳои истиқоматии камхарҷ ва бо ҳузуру ҳаловатро барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба бор оварад ва ҳамзамон шаҳру ноҳия ва маҳалҳои худро зебо ва барои зиндагӣ муносиб гардонад.

Аҳмадзода Ҷ.Ҷ. изҳори боварӣ ва умедворӣ намуд, ки ин семинари меъморон дар мубодилаи ғояҳои нав ва рушди беҳтарин анъанаҳои миллии меъморӣ, инчунин пешбурди фаъолият ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта хизмат хоҳад намуд.

Сипас, муовини якуми Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Н.Ғ., муовини директори КВД ПИТ «Сохтмон ва меъморӣ» Бозоров М.А., сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ Таваров Р.Ҳ., сардори Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ Ҳакимзода А.А. ба маърӯзаҳои худ дар назди сармеъморони ҷумҳурӣ баромад намуда, ба саволҳои онҳо посух доданд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво