27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Кӯлоб: Роҳпаймоӣ ҷиҳати дастгирӣ аз раъйпурсии умумихалқӣ

925
Дирӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар роҳпаймоӣ баргузор шуд.
Тавре ки аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб хабар доданд, роҳпаймоии мазкур аз назди оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ оғоз гардида, дар назди Муҷтамаи 2700-солагии Кӯлоб ба анҷом расид. Дар баробари ин ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Барои ояндаи боамну озодиву ободии Ватани маҳбубамон Тоҷикистон ва осудагиву хушбахтии худ раъй медиҳем!» баргузор шуда, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» варақаҳои армуғонӣ бо нишони ҳизб, инчунин маводи таблиғотӣ ва даъваткунанда, овеза, буклет, нишон, тақвим ва намунаи варақаҳои раъйдиҳиро дастраси мардум гардониданд.
Иштирокдорони ҳамоиш иброз доштанд, ки рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо меменамояд, то меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд ва бо назардошти рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат пайдо гаштааст. Зимнан аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар чунин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида, ба ин васила саҳми худро дар пешрафт ва ободии Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон гузоранд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво