5 октябр 2022, чоршанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

280 гӯшаи тарғиботӣ дар Ваҳдат

950
Масъулини Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмони шаҳри Ваҳдат бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сардорони минтақавӣ, раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва собиқадорони рӯзгордида байни аҳолии шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ ва вохӯриҳои судманд баргузор мекунанд.
Ба иттилои Илҳом Расулов, роҳбари Раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмон дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои таблиғотӣ 32 маротиба вохӯрӣ доир намуда, барои ҷалб намудани сокинон дар маркази шаҳр зиёда аз 280 гӯшаи тарғиботӣ доир ба раъйпурсӣ ташкил шудааст.
Гуфта мешавад, ки участкаҳои раъйпурсии маркази шаҳри Ваҳдат барои баргузории маъракаи сиёсӣ пурра омода буда, корҳои фаҳмондадиҳӣ идома доранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво