Ҳамоиши Кумитаи иҷроияи ҲХДТ![]() ![]() Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Бобоева оид ба зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуд, ки рушди босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Ин тағйироти Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунанд. Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» Абдулло Раҳмонзода оид ба иштироки ҷавонон дар маъракаи муҳими сиёсӣ зикр намуд, ки Конститусияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмиллалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Абдулло Раҳмонзода оид ба гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки пеши роҳи ин амалҳо аз ҷониби худи ҷавонон бояд гирифта шавад. Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Аббосиддин Саймуддинов аз ҷавонони баору номуси ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати иштироки онҳо дар чорабиниҳои сатҳи пойтахт ва ташаббусҳои неки онҳо барои бартараф намудани мушкилоти ҷавонон дар ҷомеа изҳори хушҳолӣ намуд. Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҳисоби ҷавонони фаъоли ноҳия гурӯҳи таблиғотӣ таъсис дода шуд, ки ҳамарӯза дар маҳаллаву хиёбонҳо ва бозорҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ маводи таблиғотӣ тақсим хоҳанд кард.
Матолиби ҳамсон
|
![]() ![]() НазарсанҷиБа фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?
Стратегияҳои миллӣСуроға:734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,Тел: +992 (37) 221-88-53 +992 (37) 221-88-33 Факс: +992 (37) 223-02-00, Е-mail: info@tajsohtmon.tj Обу ҳаво |