25 апрел 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Омодагӣ ба интихобот

1001
То замони баргузории раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар аз як моҳ боқӣ мондааст. Ҳоло дар ҳавзаву участкаҳои раъйпурсӣ дар тамоми миқёси кишвар, аз ҷумла дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳим дар марҳилаи анҷомёбианд.
Тавре ки масъулин аз комиссияи раъйпурсии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, барои баргузории муташаккилонаи раъйпурсии умумихалқӣ, ки 22 майи соли равон баргузор мегардад, дар шаҳри Хуҷанд як ҳавзаи овоздиҳии умумии Хуҷанд № 26 ва 64 участкаи раъйдиҳӣ ташкил шудаанд, ки ҳамаи онҳо фаъолияти пурра доранд.
То имрӯз ба ҳар як участкаи раъйдиҳӣ маводи дастурдиҳӣ тақсим карда шуда, бо иштироки кормандони ин участкаҳо машваратҳо гузаронида шуданд.
Мувофиқи маълумоти манбаъ,ҳоло дар маркази вилоят 102 ҳазору 811 нафар шаҳрвандони овоздиҳанда ба қайд гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2.504 нафар бори аввал дар чунин маъракаи сиёсӣ ширкат хоҳанд кард ва 6200 нафар дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво