Дар маркази ноҳияи Спитамен аз ҷониби аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»- и ноҳия роҳпаймоӣ баргузор шуд, ки дар он зиёда аз ҳазор нафар ҷавонон иштирок карданд.
Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар пайравӣ аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаргиз ҳушёрию зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд. Ҷавонон ҳамчун аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» аз ҳамаи иштирокдорон даъват намуданд, ки нисбат ба ҳаёти сиёсии Ватани азизамон бефарқ набошанд ва 22 май ба участкаҳои раъйпурсӣ рафта, барои мукаммалгардонӣ ва боз ҳам ба талаботи байналмилалӣ мувофиқ намудани Конститутсия раъйи худро диҳанд.
Инчунин дар асоси нақшаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» — и вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен ҳамоиш бахшида ба раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуд, ки дар он зиёда аз 60 нафар ҷавонони фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» — и ноҳияи Спитамен, кормандони кумитаи иҷроия ва роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» — и вилояти Суғд иштирок доштанд.
Мақсади асосии ҳамоиш фаҳмонидани моҳияти раъйпурсӣ буд ва бо усули «кӯча ба кӯча» ва «хона ба хона» маводи тарғиботӣ тақсим карда шуд.
Ҳамоиш дар кӯчаҳои марказии ноҳия, бозорҳои марказӣ, инчунин дар беморхонаи марказии ноҳия гузаронида шуд, ки дар он зиёда аз 2 ҳазор нафар сокинони ноҳия, духтурон ва ҳамширагону аъзои фаъоли ҳизб иштирок доштанд.