5 декабр 2024, панҷшанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон 205 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуд

419
Ба ҳолати соати 17:30-и 18 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 205 ҳолати нави сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо ба 1729 нафар расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин теъдоди ҳолатҳои фавти беморони мубтало ба ин вирус 2 нафар зиёд шуда, 41 касро ташкил медиҳад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин иттилоъ медиҳад, ки то имрӯз, 18 майи соли равон дар мамлакат 4016 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 407 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво