20 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ХАБАРИ ФАВРӢ! Шумораи гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон ба 1524 нафар расид

331
То соати 17:30 дақиқаи 17 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 1524 ҳолати сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ 39 нафар фавтидаанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матуботи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 17 майи соли равон дар мамлакат 4196 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 493 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати навъи нави коронавируси CОVID-19 тамоми тадбирҳо ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад,ки қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво