15 июл 2024, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19: ИМА аз рӯи шумораи мубталоён аз Чин пеш гузашта, теъдоди умумии онҳо дар ҷаҳон беш аз ним миллион нафар гардид

320
Ба ҳолати субҳи 27 март дар саросари ҷаҳон шумораи умумии гирифторони намуди нави коронавируси COVID-19 аз 500 ҳазор нафар гузашта, ҳоло 532 224 касро ташкил медиҳад. Шумораи фавтидагон беш аз 24 ҳазор нафар ва теъдоди онҳое, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, 124 ҳазор нафар мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.

Ҳамчунин аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА аз Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, пеш гузашт. Теъдоди мубталоён дар ИМА 85 594 нафарро ташкил медиҳад.

Чин дар ҷои дуюм қарор дошта, дар он то имрӯз 81 340 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм буда, дар он 80 589 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 8 215 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Испания — 57 786, Германия — 43 938, Эрон — 29 406, Франсия — 29 155, Швейтсария — 11 811, Британияи Кабир — 11 658 ва Кореяи Ҷанубӣ — 9 332 ба қайд гирифта шудааст.

СУТ имрӯз дар бораи беш аз 195 кишвар ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки 11 март СУТ хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

АКС аз DW




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво