7 декабр 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

ХАБАРИ ФАВРӢ! Дар Тоҷикистон дар як шабонарӯзи охир 90 нафар бо нишонаҳои коронавирус ба қайд гирифта шуданд

460
Ба ҳолати шоми 9 май ҳамагӣ дар муассисаҳои табобатии кишвар 4738 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 90 нафар бо нишонаҳои коронавирус ба қайд гирифта шуда, дар умум то имрӯз дар мамлакат 612 нафар бо ташхиси сирояти коронавирус ошкор гардидаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

“Дар як шабонарӯзи охир 552 нафар пас аз гузаронидани ташхису муоина дар ҳолати қаноатбахш аз муассисаҳои табобатӣ ба хона ҷавоб дода шудаанд”, — илова намуд манбаъ.

Бино ба иитилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар як шабонарӯзи охир 6 ҳолати фавт дар байни беморон мушоҳида гардида, дар умум 20 нафар бо нишонаи ин беморӣ дар мамлакат фавтидаанд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати навъи нави коронавируси CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя ва ҳамзамон дар ҳолати пайдо гардидани нишонаҳои ин беморӣ фавран ба табиби оилавии минтақаи хеш муроҷиат намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво