23 апрел 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

COVID-19: то имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз ним миллион нафар аз коронавирус шифо ёфтаанд

319
Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба 2 миллиону 83 ҳазору 607 нафар расида, теъдоди шифоёфтагон 510 ҳазору 632 кас ва фавтидагон 134 ҳазору 666 тан мебошад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Ба ҳолати субҳи 16 апрел дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия 24490 ҳолат, Украина – 3764, Беларус – 3728, Молдова – 2049, Ӯзбекистон – 1349, Қазоқистон – 1331, Озарбойҷон – 1253, Арманистон – 1111 ва Қирғизистон — 466 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.

Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 1 986 нафар, Озарбойҷон – 404, Арманистон – 297, Қазоқистон – 240, Беларус – 203, Молдова – 171, Украина — 143, Ӯзбекистон – 107 ва Қирғизистон – 78 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Дар баробари ин, дар Россия 198 ҳолат, Украина – 108, Молдова – 46, Беларус – 36, Арманистон – 17, Қазоқистон – 16, Озарбойҷон – 13, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус 784 нафар буда, 43 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 25 тани дигар вафот кардаанд.

Дар Иёлоти Муттаҳида, ки аз рӯи шумораи гирифторони ин вирус дар ҷаҳон дар ҷои аввал қарор дорад, 644 ҳазору 89 ҳолат тасдиқ шудааст. Теъдоди фавтидагон 28 ҳазору 529 нафар ва шумораи шифоёфтагон 48 ҳазору 708 касро ташкил медиҳад.

Дар Испания шумораи сироятёфтагон 180 ҳазору 659 нафар буда, давоми шабонарӯзи гузашта 6 599 ҳолати нав тасдиқ гардид. Дар он 18 ҳазору 816 нафар беморони ба ин вирус гирифтор фавтида, 70 ҳазору 853 кас шифо ёфтаанд.

Дар Италия шумораи мубталоён 165 ҳазору 155 нафар ва теъдоди фавтидагон 21 ҳазору 645 нафар мебошад. Дар Франсия 147 ҳазору 863 ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус тасдиқ гардида, 17 167 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар Германия теъдоди мубталоён 134 ҳазору 753 нафарро ташкил дода, шумораи ҳолатҳои фавт 3 804 мебошад. Шумораи ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Британияи Кабир 98 ҳазору 476 нафар ва теъдоди ҳолатҳои фавт 12 ҳазору 868 нафар мебошад.

Дар Чин 82 ҳазору 341 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, давоми рӯз ҳамагӣ 46 ҳолати нав ошкор гардид. Ҳамчунин дар он 3 342 нафар вафот кардаанд.

Шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сироятёбӣ дар Эрон 76 ҳазору 389 нафарро ташкил дода, аз онҳо 4 ҳазору 777 нафар вафот кардаанд. Теъдоди ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Туркия 69 ҳазору 392 нафар ва дар Белгия – 33 573 нафар мебошад.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи 210 давлату ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

ДАР АКС: Аввалин бемор – зани 95-солае, ки дар музофоти Моденаи Италия аз сирояти коронавирус шифо ёфтааст

АКС аз манбаъҳои дастрас




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво