26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муаррифии маҳсулоти нави сохтмонии аврупоӣ

323
Муаррифии маҳсулоти нави сохтмонии аврупоӣ
Дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои «ГЭОПРО», «Тегра Стейт» аз Ҷумҳурии Литва, «Уницель Поланд»-и Польша, «Промакс Групп»-и Белгия муаррифии (презентатсияи) маҳсулотҳои нави сохтмонии аврупоӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинии кормандони масъули дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарон ва мутахассисони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ, иштирок доштанд.
Муаррифии маҳсулоти нави сохтмонии аврупоӣ
Муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноз Раҳматуллозода дар расми ифтитоҳи муаррифии маҳсулоти нави сохтмонии аврупоӣ диққати ҳозири нро бар он ҷалб намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлисии Олӣ аз 26 декабри соли 2019 қайд намуданд, ки сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
Ҳамзамон кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ вазифадор гардиданд, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъмориро риоя намуда, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Муаррифии маҳсулоти нави сохтмонии аврупоӣ
Дар робита ба ин, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута уҳдадор гардиданд, ки дар вақти таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ ва сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои баёншуда Нақшаи чорабиниҳои Кумита тасдиқ карда шуда, баҳри иҷрои он кормандони масъули Кумита вазифадор карда шуданд. Албатта, ҳамаи кормандони соҳа дастуру супоришҳоро сармашқи кори худ намуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳо барои таъмини иҷрои он кӯшиш ба харҷ ҳоҳанд дод, - гуфт Ш.Раҳматуллозода.
Муаррифии маҳсулоти нави сохтмонии аврупоӣ
Муаррифии маҳсулоти нави сохтмонии аврупоӣ
Сипас, масъулини ширкати «ГЭОПРО» ба муаррифии (презентатсияи) маҳсулоти нави сохтмонии аврупоӣ оғоз намуданд. Дар ин ҷо маҳсулоти гарминигоҳдоранда, ширеш, ранг ва дигар маҳсулоти зарурии сохтмониро муаррифӣ карда, тарзи истифодабарӣ ва хусусиятҳои онҳоро ба ҳозирин муфассал фаҳмониданд.
Хотиррасон менамоем, ки ширкати «ГЭОПРО» моҳи июни соли 2003 таҳти бренди TSPP (Тоҷикистони Швейтсария Лоиҳаи Профессионал) дар якҷоягӣ бо ширкати швейтсарии Leica Geosystems таъсис дода шудааст, то дар ширкатҳои калон дар асоси таҷрибаи холдинги калон ширкат варзад ва пас аз 10 сол таҷрибаи калонро ба даст овард, ки самтҳои асосии фаъолияти ширкат инро нишон медиҳад. Бренди GEOPRO (GEO - замин, PRO - мутахассисон) -яъне мутахассисони соҳаи худ дар соҳаи ченкунии дақиқи сатҳи рӯи замин, картография лоиҳакашӣ, тарроҳӣ, сохтмон, назорати сохтмон ва назорати минбаъдаи ҳама гуна иншооти заминиро ифода мекунад.
Аз лаҳзаи таъсисёбӣ GEOPRO дилери истисноии Leica Geosystems дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Д.Нурзода,
хабарнигори “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво