12 июли соли 2018, дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ҳакимзода Раҳмоналӣ Раҷабалӣ сармутахассиси Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, муовинон, сардорони раёсату хадамотҳои дастгоҳи марказӣ, сармеъморону лоиҳакашони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар намояндагони вазорату идораҳо натиҷаи кори корхонаву ташкилотҳои тобеи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар нимсолаи аввали соли 2018 таҳлилу баррасӣ намуданд.
Аҳмадзода Ҷ. Ҷ. дар баромади худ қайд намуд, ки Кумита ҳамарӯза бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти шаҳрсозӣ ва дар доираи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, Низомномаи мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба роҳ мондани фаъолияти сармеъморони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кушиш ба харҷ дода истодааст. Дар нимсолаи якуми соли 2018 бошад, барои ноил шудан ба ҳалли масъалаҳои гузошташуда як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
“Дар ин давра тибқи Нақшаи корӣ мутахассисони Кумита ҷиҳати ба роҳ мондани назорати ҳолати риоя ва татбиқи амалӣ намудани нақшаҳои генералӣ ба ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Нуробод, Рашт, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ш.Шоҳин, Ховалинг, Темурмалик, Балҷувон ва шаҳрҳои Роғун ва Душанбе сафарбар карда шуданд.
Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки аз ҷониби масъулини мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияҳои Варзоб, Рӯдакӣ, Нуробод, Рашт, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ш.Шоҳин, Ховалинг, Темурмалик, Балҷувон ва шаҳри Роғун то имрӯз баррасии муроҷиатҳо оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони бинову иншоотҳо аз рӯи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозӣ дуруст ба роҳ монда нашуда, камбудиҳо дар самти назорати сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ, риояи кодекси шаҳрсозӣ ва замин, меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, ҷой доранд” – гуфт Раиси Кумита ва илова намуд, ки кормандони соҳаи сохтмон ва меъморӣ дар ин давра, новобаста аз камбудиҳои ҷойдошта бештар фаъолият карда, сифату дараҷаи иҷрои корҳоро беҳтар намудаанд. Вале ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой доранд ва мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки онҳо ислоҳи худро ёбанд ва дар қарори ҳайати мушовара иҷрои вазифаҳое, ки аз Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дарҷ карда шудаанд.
Ҳамин тавр, нишасти ҷамъбастӣ бо тасдици як қатор қарорҳо ва дастуру супоришҳо барои фаъолияти минбаъдаи зерсохторҳои Кумита ба анҷом расид, ки дар нашри ояндаи “Рӯзномаи бинокорон” муфассал дарҷ карда мешавад.