3 декабр 2024, сешанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Омўзиши Паём идома дорад

460
Омӯзиши  Паём идома дорад
Имрӯз дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки муовини сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саидзода Муҳаммади Қурбоналӣ, корманди Сарраёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Абдукарим, кормандони дастгоҳи марказӣ, роҳбарон ва кормандони корхонаҳо ва ташкилотҳои системаи Кумита вохӯрии судманд баргузор гардид.
Муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳноз Раҳматуллозода дар сухани ифтитоҳии худ қайд намуд, ки Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат, ки рӯзи 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид, ҳамчун ҳуҷҷати фарогири таҳлилу баррасии амиқи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва дурнамои рушди устувори кишварро дар ҳамаи самтҳо, аз бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, рушди бахши хусусӣ, ҳифзи
иқтисодии кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, саноатикунонии кишвар, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ, баргузории муҳимтарин чорабиниҳои сиёсӣ ва байналмилалии соли 2020 ва дигарҳо иборат мебошад, дарбар мегирад. Омӯзиши  Паём идома дорадДар Паёми имсолаи Пешвои миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ арзёбии амиқ ёфта, маҷмӯи масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии мамлакат баррасии ҳамаҷониба гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.
Вобаста ба қисмати соҳаи сохтмону меъморӣ ва масъалаҳои корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳо, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки сохтмон яке аз соҳаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.Бо мақсади беҳтар намудани пешбурди фаъолият дар соҳаи меъмориву шаҳрсозӣ ва сохтмон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа такмил дода шудаанд.
Танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда, дода шуд.
Доир ба ин масъала кормандони соҳа вазифадор гардиданд, ки ҳангоми бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти гуногун бояд санъати меъмориро риоя намуда, барои боз ҳам беҳтару зебо гардидани симои шаҳру деҳот кӯшиш ба харҷ диҳанд.Омӯзиши  Паём идома дорад
Дар робита ба ин, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти марбута уҳдадор гардиданд, ки дар вақти таҳияи нақшаҳои шаҳраку деҳот, банақшагирии бунёди иншооти иҷтимоиву сайёҳӣ ва иншооти дигар риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ ва сифати масолеҳи сохтмонро таъмин намоянд.
Барои таъмини рушди соҳаи сохтмон ҷиҳати ба стандартҳои муосир мутобиқ гардонидани сифати иншооти сохташаванда ва омода намудани кадрҳои сатҳи баланди соҳаи меъморӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамчунин, ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат намуданд, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30- солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд, - гуфт Ш.Раҳматуллозода.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои баёншуда Нақшаи чорабиниҳои Кумита тасдиқ карда шуда, баҳри иҷрои он кормандони масъули Кумита вазифадор карда шуданд. Албатта, ҳамаи кормандони соҳа дастуру супоришҳоро сармашқи кори худ намуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳо барои таъмини иҷрои он кӯшиш ба харҷ ҳоҳанд дод.
Омӯзиши  Паём идома дорад
Муовини сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммади Қурбоналӣ дар суханронии худ ба аҳли толор мавзую муҳтавои Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муфассал шарҳу тавзеҳ дода, қайд намуд, ки Паём чун ҳуҷҷати роҳнамо тамоми рукнҳои асосии фаъолияти ҷамъиятиро дар бар гирифта, вазифаҳо ва амалҳои барои рушди мамлакат равонаро пурра мураттаб сохтааст. Ин ҳуҷҷати таърихӣ мазмунан ҷанбаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дошта, бори дигар собит намуд, ки дар бахшҳои мухталифи мамлакат нишондиҳандаҳои рушд дақиқан ва мазмунан шарҳ дода шудаанд. Чунин пешравиҳо бешубҳа аз рушди босуботи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятии ҷумҳурӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар дастур доданд, ки «олимону донишмандони моро зарур аст ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».
Аз зумраи самимияти Президенти мамлакат баҳри баланд бардоштани маърифати таърихӣ интишори китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва тақсими он байни мардум мебошад. Ин асар фарогири маводи арзишманди илмӣ ва яке аз манбаъҳои муътамад роҷеъ ба таърихи миллати озодаи тоҷик буда, авзои сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷиконро дар марҳилаҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор додааст.
Омӯзиши  Паём идома дорад
Дар анҷоми ҷаласа Ш.Раҳматуллозода гуфт, ки чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуданд: " Мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи кишвари азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем".
Албатта, мо кормандони соҳа дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштан, сармашқи кори худ намуда, баҳри таъмини иҷрои он кӯшиш ба харҷ медиҳем.

Хабарнигори “РБ”




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво