26 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

“Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ”

410
“Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ”
Рӯзҳои 20-21 сентябри соли 2019 дар бинои Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо ибтикори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2019, №252143(27-4) бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар асоси Нақшаи кории Кумита барои соли 2019 “Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ”-ро баргузор гардид.
Дар намоишгоҳи мазкур Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Файзов Ёдгор иштирок ва суханронӣ намуданд.

“Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ”
Дар намоишгоҳи мазкур бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, лоиҳаҳои бинову иншооти сохташаванда, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуда, зиёда аз 60 ташкилотҳои лоиҳакашӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва ҳунармандони мардумӣ маҳсулоти худро ба маърази тамошо пешниҳод намуданд.
Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз масъалаҳои муҳими солҳои охир ин ба роҳ мондани истеҳсоли масолеҳи ватании рақобатпазир ба содирот ва воридотивазкунанда мебошад.
Ҳадаф аз гузаронидани намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷриба, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра буд.
Рӯзи 21 сентябри соли ҷорӣ дар Маҷмааи варзишии шаҳри Хоруғ бо иштироки зиёди намояндагони ташкилотҳои иштирокчӣ чорабинии ҷамъбастӣ гузаронида, ба кори намоишгоҳ хотима бахшида шуд. Ташкилотҳои лоиҳакашӣ, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ ва ҳунармандони мардумӣ, ки дар чорабинӣ фаъолона ширкат варзиданд, бо сипосномаҳои Кумита сарфароз гардонида шуданд.
“Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ”
Пас аз баргузории чорабинии ҷамъбастӣ, бо иштироки лоиҳакашон, сохтмончиён, фармоишгарон, роҳбарони мақомотҳои маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки ба намоишгоҳ даъват шуда буданд, ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи корӣ чораҳои амалӣ намудани вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 бармеоянд, таъмини иҷрои саривақтии супоришҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳои сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, риоя ва татбиқи нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолинишин, риояи талаботи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, зери назорати доимӣ қарор додани ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар сохтмони бино ва иншоотҳо, қатъиян манъ кардани сохтмони иншооте, ки бе хулосаи экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ, аз рӯи варақа ё лоиҳаҳои нопурра сохта мешаванд, оид ба баланд бардоштани сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохташаванда, бо сифати баланд, бо истифода аз технологияҳои муосир ва дар муҳлатҳои пешбинишуда бо риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ намудани иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби фармоишгарон ва ташкилотҳои пудратӣ, баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ бо истифодаи таҷрибаи пешқадам, технологияҳои инноватсионӣ, унсурҳои меъмории миллӣ ва таҷрибаи меъмории муосир, пешбурди кадастри давлатии шаҳрсозӣ, амалигардонии принсипи равзанаи ягона дар соҳаи сохтмон, бунёди инфрасохтори сайёҳии ба талаботи муосир ҷавобгӯй ва роҳ надодан ба қонунвайронкуниҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
“Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ”
Бо итминони комил метавон гуфт, ки баргузории чунин чорабинӣ боиси густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар шаҳру ноҳияҳо гардида, барои рушди соҳаи меъмориву шаҳрсозии кишварамон заминаи боэътимод хоҳанд гузошт.
А.Аваз,
махсус барои “РБ”




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво