27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

КИТОБ ТУҲФАИ БЕҲТАРИН АСТ! Дар бинои Сирки давлатӣ намоиш-фурӯши он гузаронида мешавад

436
7 март ба ифтихори Рӯзи Модар дар бинои Сирки давлатӣ намоиш-фурӯши китоб баргузор мегардад. Ҳамзамон ташкилкунандаи намоиши мазкур-нашриёти «Адиб» ба дӯстдорони китоб туҳфаҳои идонаро аз осори адибони классик ва муосири тоҷику форс, ки фарогири мавзӯъҳои ишқу муҳаббат ва садоқату вафодориянд, пешниҳод менамояд.

Муассисаи нашриёти «Адиб» тӯли ду моҳ аст, ки намоиш-фурӯши китобро дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ доир менамояд. Дар намоишҳои гузашта алоқамандони китоб аз вазорату кумитаҳо, корхонаву ташкилот, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, аз ҷумла ҳайати профессорону омӯзгорон, магистрантон, аспирантон, докторантон ва донишҷӯёни тамоми мактабҳои олию миёна аз ин бозори китоб асарҳои гаронарзиш дастрас карданд.

Ин ҳафта директори нашриёти «Адиб» Давлат Сафар тасмим гирифтааст, ки барои арҷгузорӣ ба бузургӣ ва азамати модар асарҳои Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор Сафиева ва китоби Шоири халқии Тоҷикистон Низом Қосимро зери унвони «Биё, дилро ба барги гул бипечонем», ки саршор аз мавзӯъҳои ишқу муҳаббат, тараннуми вафодорӣ, садоқату самимият, эҳтирому эътимод ба арзишҳои волои инсонӣ ва худшиносиву худогоҳист, чун армуғон пешниҳоди ихлосмандони каломи бадеъ гардонад.

Давлат Сафар дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки «китоб туҳфаи беҳтарин ва фаромӯшнашаванда буда, тарбиятгари тафаккури ҷомеа, гиреҳкушои муаммоҳои сарбаста, ҳамдаму ҳамрози беминнат, ояндаи неки насли наврас, ишқу муҳаббати самимӣ, рӯзгори тинҷу осоишта, ҳидоятгари одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва роҳбалади зиндагист!».

Зимнан, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ташвиқу тарғиби китобхонӣ дар ҷомеа, таъсис додани китобхонаҳои нав дар ҳама сохторҳои давлатӣ ва ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳои мавҷударо хеле муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд. Ин аст, ки намоиш-фурӯши китоб бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳар ҳафта рӯзи шанбе аз соати 0800 то 1300 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Нашриёти «Адиб» ҳар ҳафта зиёда аз 200 номгӯй асарҳои бадеиро аз адабиёти классикии форсу тоҷик, адибони муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва ҳуруфоти ниёгон ба фурӯш мегузорад.

Ҳамчунин ба иттилои иштирокчиёни Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» расонида мешавад, ки асарҳои дар Низомномаи озмун тавсияшударо метавонанд аз ин намоиш-фурӯши китоб дастрас намоянд.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво