24 январ 2022, душанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Китоби «Душанбе-қалби Тоҷикистон» сазовори ҷойи аввал дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» гардид

299
Дирӯз зимни ҷамъбасти Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» китоби «Душанбе-қалби Тоҷикистон» сазовори ҷойи аввал гардид. Китоби мазкур ба қалами Мирзоамин Мирсаидзода тааллуқ дошта, дар намоишгоҳ аз рӯи номинатсияи «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон» ғолиб дониста шуд. Китоб дастовардҳои шаҳрдории пойтахтро тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дарбар мегирад.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар баробари китоби мазкур як гурӯҳ иштирокчиёни фаъоли намоишгоҳ имрӯз зимни ҷамъбаст аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода мукофотонида шуданд.

Вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода иброз дошт, ки дар ин намоишгоҳ китобҳое ба маъраз гузошта шудаанд, ки афкори мухталифи ҷомеаро фаро мегиранд. Ба изҳори номбурда, баргузории чунин намоишгоҳҳо барои муаррифии бештари эҷодиёти пурғановати адибон ва файласуфони тоҷик дар арсаи ҷаҳон заминаи хуб фароҳам меоварад.

Зикр шуд, ки пешрафту тараққиёти ҳар як кишвар аз насли ҷавону бомаърифати ӯ вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ Ҳукумати мамлакат ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус равона кардааст.

Дар маросими ҷамъбастии намоишгоҳ инчунин дар номинатсияи «Ношири муваффақ» ҷойи якум ба Нашриёти «Адиб» барои китоби «Куллиёт»- Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ, ҷойи дуюм ба ҶММ «Хуросон» барои китоби «Осори Устод Рӯдакӣ», ҷойи сеюм ба нашриёти «Ношир» барои китоби «Гулафшони шеър»-и С.Есенин сазовор дониста шуд.

Дар номинатсияи «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон» ҷойи дуюм ба муаллифон Назаршо Назаршоев, Илҳом Бониёзов барои таълифи китоби «Военная история Таджикистана», ҷойи сеюм ба нашриёти «Ношир» барои китоби «Тоҷикистон-Ӯзбекистон: дӯстии безавол» сарфароз дода шуд.

Инчунин аз рӯи номинатсияи «Сермаҳсули сол» ҷойи якум барои силсилаи асарҳо ба муаллифон Мирзо Муллоаҳмад ва Садриддин Ҳасанзод муяссар гардид. Ҷойи дуюм ба Равшан Раҳмонӣ ва ҷойи сеюм ба Латофат Кенҷаева мувофиқ дониста шуд.

Ҳадафи баргузории Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба намоиш гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик ва шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи мазкур 4 сентябр дар Рӯзи китоб оғоз гардида, дар он қариб 50 корхонаҳои табъу нашр ва ташкилоту муассисаҳои ватаниву хориҷӣ ширкат варзида, зиёда аз сӣ ҳазор китобҳои тозанашр ба маъраз гузошта шуд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво