19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Теъдоди харидорони китоб меафзояд. Намоиш-фурӯши ҳафтуми китоб дар Душанбе аз он далолат медиҳад

508
Имрӯз ҳафтаи ҳафтум аст, ки Нашриёти «Адиб» намоиш-фурӯши китобро дар «Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ»-и шаҳри Душанбе доир менамояд.

Тибқи иттилои хабарнигорон, дар ин чорабинии фарҳангӣ аз ҳарвақта дида дӯстдорони мутолиа зиёдтар ба чашм мерасиданд. Аз ҳама хурсандиовар он буд, ки миёни иштирокдорон сафи хонандагони хурдсол зиёд ба назар мерасид. Онҳо бошавқ китобҳои тозанашрро варақ мезаданд, аз назар мегузарониданд ва асарҳои писандидаашонро барои харидан интихоб мекарданд.

Дар ин намоиш-фурӯш зиёда аз 250 унвон асарҳои бадеӣ бо теъдоди зиёда аз 5000 ҳазор нусха ба маърази харидорон гузошта шуда буд.
Теъдоди харидорони китоб меафзояд. Намоиш-фурӯши ҳафтуми китоб дар Душанбе аз он далолат медиҳад

Тавре муовини директори Нашриёти «Адиб» Раҳмоналӣ Мирализода зикр кард, зиёдшавии теъдоди иштирокдорони намоиш-фуруши китоб ҳар ҳафта бараъло эҳсос мегардад. Афзоиши дӯстдорони мутолиа дар ин маъракаи фарҳангӣ шаҳодати он аст, ки таваҷҷуҳи мардум ба китоб бештар мешавад.

Мавсуф иброз дошт, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар хусуси ба китобхонӣ ҷалб намудани аҳолӣ дар мамлакат як такони ҷиддии фарҳангӣ ба бор овард. Имрӯз ҳама табақаҳои ҷомеа ба китобхониву китобхонасозӣ рӯ овардаанд, ки бе ягон шубҳа ин иқдом оянда ва самараи нек хоҳад овард.

Дар намоиш-фурӯши китоб хабарнигори АМИТ «Ховар» бо устоди Донишгоҳи милли Тоҷикистон Хайриддин Ҳамидов, ки ҳамроҳи ду фарзандаш китоб мехарид, ҳамсуҳбат гардид.

Номбурда гуфт, ки «ба ин макони маърифатӣ омаданамон ташаббуси фарзандонам буд. Дар ҳақиқат, дар ҳар ҷойе, ки китоб аст, маърифат аст, фазои солим аст ва маҳз китоб ҳама торикиҳоро равшанӣ мебахшад. Рости гап чашми кас аз дидани китобҳои рагоранг роҳат мекунад. Мехоҳам тамоми ин китобҳоро харид намоям. Дар намоиш-фурӯши китобҳо ҳама навъҳои осори бадеӣ-адабиёти классикии тоҷику форс, адабиёти ҷаҳон ва кӯдакона дастрас мебошад».

Корманди Нашриёти «Адиб» Шаҳло Баҳромова дар бораи нархгузории китобҳо ва хариди онҳо аз ҷониби дӯстдорон зикр кард, ки «воқеан ҳам ҳастанд, харидороне, ки бо изҳори нигаронӣ мегӯянд, ки нархи бархе китобҳо гарон аст, аммо аксаран ба нархи китоб нигоҳ накарда, асарҳои писандидаашонро мехаранд».



Ёдовар мешавем, ки Муассисаи нашриёти «Адиб» аз аввали соли раво
Теъдоди харидорони китоб меафзояд. Намоиш-фурӯши ҳафтуми китоб дар Душанбе аз он далолат медиҳад
н, яъне аз 4 январи соли 2020 ҳар рӯзи шанбе дар пойтахт ярмарка-фурӯши китобро мегузаронад.

Ин ҳафта дар ин намоиш-фурӯш ду китоби дигар -«Шаҳписари Хайём», ки ба қалами Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло тааллуқ дошта, аз зиндагӣ ва мақоми шоирии Лоиқ Шералӣ ҳикоят мекунад ва «Андарзи бузургон», ки онро ганҷури марворидҳои дурахшон арзёбӣ намудаанду дар он суханони ҳикматбори мутафаккирони ҷаҳон гирд оварда шудааст, пешниҳоди алоқамандони китоб гардиданд.

Директори Нашриёти «Адиб» Давлат Сафар иттилоъ дод, ки «нақша дорем намош-фурӯши китобро дар шаҳру навоҳии мамлакат низ баргузор намоем».

Мавсуф иброз дошт, ки иқдоми навбатии мо барои ҷалби хонандагон ва ҳавасманд гардонидани харидорон он аст, ки дар яке аз саҳифаҳои китоби Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ навиштаро бо номи ноотбук мегузорем. Ин китобро ҳар касе хариду онро ёфт, ноотбукро онро бурд мекунад. Ҳамчунин шахсоне, ки бештар китоб мехаранд, имкони бурд кардани телевизиорро доранд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Ташхисгар» чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво