27 апрел 2024, шанбе

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

МАРҲАБО БА ОЛАМИ КИТОБ! Пагоҳ Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз меёбад

523
Пагоҳ, 4-уми сентябр дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба Рӯзи китоб ва бо назардошти муҳимияту гиромидошти китоб, китобдорӣ ва китобхонӣ Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад. Намоишгоҳи мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 то 6 сентябр гузаронида мешавад.

Ба иттилои Вазорати фарҳанг, озмун аз се номинатсия – «Ношири муваффақ», «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон» ва «Муаллифи сермаҳсули сол» иборат аст.

Дар доираи баргузории Намоишгоҳи нуҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» як зумра чорабиниҳо, аз ҷумла маҳфили шеъру суруд дар васфи китоб бо иштироки ҳунарпешагони театрҳо, толибилмони макотиби таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон дар назар аст. Инчунин дар доираи намоишгоҳ баргузории конфронси илмӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи табъу нашр дар даврони истиқлолият», озмуни «Қироати шеъру тарона дар васфи Ватану диёр» бо иштироки хонандагони мактабҳо, муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба Намоишгоҳи мазкур зиёда аз 50 муассиса – ноширони ватаниву хориҷӣ, китобхонаҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, донишгоҳҳо ва ҷамъиятҳо даъват шудаанд. Аз ҷумла, дар назар аст, ки дар намоишгоҳ ноширон аз Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Туркия, Ўзбекистон, Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Беларус, Ҷумҳурии мардумии Чин, Франсия ва дигар давлатҳо иштирок кунанд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мусоидат ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи китоб ба ҳукми анъана даромадааст.

Икдоми мазкур аз ҷониби роҳбарияти мамлакат, кулли фарҳангиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта шуда, дар таҳкиму густариши равобити фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо мамолики бо мо дӯсту бародар нақши созгор мебозад.




Назарсанҷи

Оё тартиби кори комиссияи Хадамоти иҷозатномадиҳӣ ба шумо писанд аст?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво