19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

Муаррифии китоби “Тоҷикистон”- роҳнамои сайёҳ дар Намоишгоҳи туристии Берлин-2016

1124
-23 феврали соли равон дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон мулоқоти сафир Маликшо Неъматов бо ҳаммуаллифи китоби «Тоҷикистон» — роҳнамои сайёҳ бо забони олмонӣ хонум Дагмар Шрайбер баргузор гардид. Дар мулоқот сафир ба Д. Шрайбер барои таҳия ва чопи китоби мазкур, ки метавонад дар тарғиби захираҳои туристии Тоҷикистон дар Аврупо саҳми муносиб гузорад, изҳори миннатдорӣ намуд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки китоби мазкурро дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии туристии Берлин — 2016, ки аз 8 то 13 моҳи марти соли равон дар шаҳри Берлин баргузор мегардад, ба доираи коршиносон ва иштирокдорони ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки нашриёти Трешер Ферлаги Олмон (Trescher Verlag) китоби роҳнамои мусофир оид ба Тоҷикистонро зери унвони «Тоҷикистон» маротибаи дуюм таҳрир, чоп ва пешкаши ҳаводорони олмонизабон намуд. Китоби мазкур дар ҳаҷми 448 саҳифа омода гардида, дар он 282 расми ранга ва 20 харитаи ҷуғрофӣ ҷой дода шудааст. Ба фарқ аз шумораи якуми он, ки соли 2010 чоп шуда буд, оид ба шаҳри Душанбе, кӯҳҳои Помир ва кӯҳҳои Фон маълумоти бештар гирд оварда шудааст. Дар изҳороти матбуотии нашриёт, ки шоми 8 январ нашр шуд, аз ҷумла чунин гуфта шудааст: «Тоҷикистон бо кӯҳҳои баланди худ дар доираҳои сайёҳии Аврупо ҳамчун ґШвейтсарияи Осиёи Марказӣґ ҳисобида мешавад.
Роҳнамо дар таҳрири нав ба сайёҳон дар омода намудани сафар ба Тоҷикистон маслиҳатҳои хуб пешниҳод мекунад. Дар китоб дар бораи имкониятҳои шабгузаронӣ, хатсайрҳои мавҷуда, имконоти сафар аз як минтақа ба минтақаи дигар ва ҷойҳои дидании кишвар пешниҳоду маслиҳатҳои муфид гирд оварда шудаанд. Китоб ҳамчунин барои нафароне низ тавсия мегардад, ки мехоҳанд ба Тоҷикистон сафари фарҳангӣ анҷом диҳанд.




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво