19 апрел 2024, ҷумъа

Тоҷикӣ   Русский   English Специальная версия

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Барои баргузории ин озмун 1 646 400 сомонӣ ҷудо гардид

442
Ҷиҳати амалӣ намудани Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Шоҳҷоизаи асосии озмун 60 000 сомонӣ муайян гардидааст.

Вобаста ба ин 5 феврали соли 2020 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 маблағи умумӣ барои мукофот 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ)-ро ташкил медод.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур соли гузашта аз рӯи чор номинатсия баргузор гардид. Тибқи Низомномаи соли 2020 ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он номинатсияи шоирӣ илова гардид. Ҳамчунин имсол дар ҳар номинатсия ба шаш нафарӣ аз рӯи ҷойҳои ба даст овардаашон мукофотпулӣ тақдим мегардад.

Тавре зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Саидализода иброз дошт, «дар озмуни имсола чор номинатсия аз рӯи се самт баргузор мегарданд, ки барои ҳар номинатсия маблағҳо муайян гардидаанд. Агар соли 2019 номинатсияҳо якборӣ доир гардида бошанд, имсол чор номинатсия бо иштироки қишрҳои гуногун се бор доир мегарданд».

Самтҳои иловашуда инҳоянд:

-миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;

—миёни хонандагон ва донишҷӯёни таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо);

—миёни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат.

Ҳамчунин дар Низомнома самт ва номинатсияҳо чунин муайян гардидаанд:

«Миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ. Дар Номинатсияи мазкур барои хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик 120 000 сомонӣ, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 115 000 сомонӣ, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик 115 000 сомонӣ, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон 115 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо). Дар Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик 120 000 сомонӣ, Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 115 000 сомонӣ, Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик: 115 000 сомонӣ, Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон 115 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар байни калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақҳои аҳолии мамлакат).

Дар Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик 120 000 сомонӣ, Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик 115 000 сомонӣ, Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик: 115 000 сомонӣ, Номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон 115 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Миёни довталабони номинатсияи шоирӣ 60 000 сомонӣ муқаррар гардидаааст, ки ҷамъи маблағҳо 1 455 000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар чор номинатсия шаш нафарӣ ва дар номинатсия шоирӣ 3 нафар мукофонида мешаванд.

Мавсуф иброз дошт, ки «соли 2019 таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор гардида, дар баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии мамлакат, аз ҷумла хонандагону донишҷӯён нақши намоён гузошт».




Назарсанҷи

Ба фаъолияти Хадамоти назорати сохтмон чӣ гуна баҳо мегузоред?

 

Суроға:

734025, ш. Душанбе, кўчаи проф. Ш. Ҳусейнзода 36,

Тел: +992 (37) 221-88-53
+992 (37) 221-88-33

Факс: +992 (37) 223-02-00,

Е-mail: info@tajsohtmon.tj

Обу ҳаво